Меҳрномаи Фарзона ба 70-солагии Камол Насрулло

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ Камол Насрулло 70 сола шуд. Камол Насрулло аз ҷумлаи шоирони забардасти тоҷик мебошад, ки дар рушду равнақи адабиёти муосири тоҷик нақши бориз дорад. Ашъори ватандӯстонаи ӯ миёни хонандагон маҳбуб мебошад.

Меҳрномаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаро ба муносибати 70 солагии Камол Насрулло, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба нашр расидааст, пешкаши шумо мегардонем.

Муҳаққиқи барҷастаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода навишта буд, ки “Дар нақди муосир  қазияе маъмул аст, ки ҳар суханвари тавоно ба майдони адабиёт бо шахсияти адабии худ , бо сабку шеваи баёни худ, бо асбобу афзори ҳунарии худ ворид мешавад”.

Устод Камол Насруллоҳ  ҳам бо шахсияти пурфурӯғу нигоҳу пиндорҳои мунир, рӯҳу ҷони дурахшанда, бо фазои фикрии мунаввар ва бо шеъри бисёр равшан ба арсаи сухан омад. Дар қаламрави шеъри ӯ тамоми тимсолҳову самбулҳову таркибҳову вожаҳо , ҳатто ҳарфҳову ҳиҷоҳо нур дар нур маҳди анворанд, мисли мафоҳими Ватан, Тоҷикистон, Истиқлол, модару падар, ёру дӯст, шаҳру русто, турнаҳо, уқобон, шукр, шодӣ,  некӣ…

Ин ҷаҳони мастури ормонӣ, ки бо ҳузури инсонҳои ормонӣ саодаткадаи бебадалро мемонад, қуллаи хостаҳои шоир аст, ки рӯҳҳоро ҳамвора ба сууд мехонад. Устод Лоиқ дар оғозномаи китоби дуввуми ашъори Камол Насруллоҳ зикр карда буд, ки “Агар дар маҷмӯаи нахустини  “Навгонӣ” як навъ шарҳи олами худ, олами эҳсосу андешаҳо, оламе, ки ҷавонони имрӯза доранд ва шоири ҷавон онро мебинаду медонаду дақиқ дарк мекунад ва азиз медорад, мавзӯи асосӣ  бошад, дар маҷмӯаи дувуми ӯ мо аз олами худ ба олами дилҳо, андешаҳо, қисматҳо, эҳсосот ва худшиносии дигарон раҳ будани ӯро  мебинем”. Батадриҷ худсозиву худофариниву  таҷаддуду наҳзати шоири ҷавон, ки бо дуои роҳи муршиди ҷоннамову ҷаҳоннамояш давоми ҷода мепӯид, ӯро ба дурдасти фатҳу тавфиқҳо бурд. Таҷрибаҳои ҷадиде, ки имрӯз устод Камол дар заминаи офариниши кулли анвои шеър коргар мекунад, таҳқиқи фарох мехоҳад. Хосса, ҳолу ҳавои ғазалро, ки суннатитарин  навъи осори манзум аст, дигаргун кардан ва дӯшбору тааҳҳуду  рисолату асолати онро ба ниёзи инсони имрӯз созгор намудан ҳунари сода нест. Чанд даҳсола пештар жанри  ҳоким дар назми тоҷик шояд шеъри чаҳорпора буд. Шеъри чаҳорпора, ки тӯли қарнҳо осори шуарои Мағрибзаминро шукӯҳ медод ва барои бозгӯи ҳуруфи дилашон имкони вусъатманд фароҳам мекард, ба табиати шеъри мо низ мусоид омад. Беҳтарин чакомаҳо бо ҳамин қолаб ва қаволиби амсоли ин иншо мешуданд. Аммо замони эҳёи навини шеър, ки охири солҳои шастуми садаи бист оғоз шуд, ҳамроҳи шеъри озод бори дигар ғазалро ба арсаи ҷавлон овард, бори дигар рубоиву дубайтиву қасидаву анвои пешини шеърро қудрати таҷдид бахшид. Зимомдори ин растохези рӯҳонӣ устод Лоиқ ва ҳамсафони бузургаш буданд, ки бо қиёму қиёмати нотасвири рӯҳу ҷон шеъри тоҷикро мазҳари муъҷизаҳо карданд. Милоди дубораи ғазал дар замони фатҳи кайҳон чӣ башорати масъуде буд. Он рӯзгор нахустин муждаҳои ошиқонаи Лоиқи тозаҷавон дили миллатро ба тапиш овард:

Гар рӯдаки деҳи мо бар баҳрҳо нарезад,

Дарёи дил хурӯшон, мо худ равона ҳастем.

Ва, хушо, ки асри бисту як  низ бо эъҷозҳои каснодидаву гӯшношунидааш, бо телефонҳои мобиливу дастгоҳҳои шигифтангез, бо роёнаҳои оламнамову роботҳову тозакориҳои дигари фалакпаймояш дар қаламрави форсизабонон боз дастобасти ғазал пеш меравад. Яъне ғазал пироҳане нест, ки аз мӯд хориҷ шавад, балки узви мову ҷузъи ҷовидони мост, ки бидуни он ҳастии шеъри Аҷам нокомил мемонад. Ғазали имрӯз агар комилан такрори бетакмили ғазали пешиниён бошад, бисёр бетавфиқ мешавад. Зарурате нест, ки самбулҳои ҳамешапайдои осори ниёконро, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар шеъри мо салтанат доштанд, аз фазои ғазал берун кунем. Намешавад булбулу гулрову шаробу соқиву паймонаву сарву сунбулу ринду зоҳид ва амсоли ин тимсолҳои ҳамешатакрорро ба ғазал иҷозаи вуруд надиҳем . На, бо ҳузури ин гулвожаҳои ноб бояд ғазали имрӯзро ҳам орост, аммо нигоҳе дигар бояд овард ба гулу булбули асри бисту як.

Муҳаққиқи номвар Сируси Шамисо таъкид мекард, ки “Шеъри суннатӣ  — маъшуқи осмонӣ , ирфонӣ, тарҳи мавзӯъҳои маҳдуд ва мушаххас, адами зикри масоили хусусии зиндагӣ , адами таваҷҷуҳ ба масоили сиёсиву иҷтимоӣ, фозилона, руҷӯъ ва мадҳ (аст)”. Ӯ дар ҳамин тафсири кӯтоҳ тамоми сурату ҷибиллати шеъри суннатиро боз намудааст. Аммо як нигоҳи умқпаймо ба ғазалҳои устод Камол Насруллоҳ  ба мо далел медиҳад, ки акси ин қоидаро бинем: тасвири маҳбуби заминиву мушаххас, бозгӯи масоили хусусиву ҷаҳонӣ, таваҷҷуҳи азим ба ҳаёти Ватан ва рӯзгори абнои башар, руҷӯи дигар ба Миллат, ба Инсон, ба Ишқ! Дар ғазалистони шаккаровези имрӯз ғазалҳои Камол Насруллоҳ комилан номукарраранд : Ғазалҳои хос, ғазалҳои дигарсимову дигармаъно, ғазалҳои нурониву муҷалло , ғазалҳои соҳибистиқлол. Шояд дар шаклу шамоилу зоҳири ғазал навпардозиҳои устод Камол фаровон набошад, тамоми таҷаддуд ва тозаофариниву ибдои ӯ дар ғояву мояву андешаҳои накӯпирояи ӯст. Як қисмати азими  ғазалҳои устод Камол Насруллоҳ муҳаббатномаи Ватан аст.

Аз Ориён ту мондӣ як пора ҷони равшан,

Бо ор зинда мебош, фархунда меҳани ман.

мегӯяд ӯ ва ин ҳуруфро ончунон бо ҷазбаи ҷон мегӯяд, ки Ватанро ҷузъи ӯву ӯро ҷузъи Ватан мебинем. Ҳар иморати навбунёди Душанберо шоир парчами пирӯзии Тоҷикистон медонад:

Иморат дар иморат сар фарозӣ,

Туро дар шона ин шонат муборак!

Паёми Истиқлол, ки барои миллати мо дигарбора ҳуҷҷати милод дод, ҳамеша мавриди хитобу ишқу таманнои устод Камол Насруллоҳ аст:

Ин манам аз оташат вораста чун Қақнус,

Бо ту эҳё гаштаам ин бор, Истиқлол.

Эй суруди ман, дуруди ман , вуруди ман,

Бо ту бошад зиндаву бедор, Истиқлол!

Ин ғазалҳои навшамоилу тозапаём оинаи миллатнамоянд, ки ба аҳли Ватан муждаи нусрати оянда медиҳанд. “Агар сиришти ҳар кас сарнавишти ӯ бошад, шеъри ман сарнавишти ман аст”,- мегуфт Нодири Нодирпур. Шеъри Камол Насруллоҳ  ҳам сарнавишти ӯ ва ҳам сарнавишти Тоҷикистон аст.

   Ин ҳақиқати собит аст, ки як мафҳуми бузург осори устод Камолро аз оғоз то имрӯз тобанда мекунад, мафҳуме, ки чун хатти офтобии устуво ғазалҳои ӯро низ нуронӣ намудааст: мафҳуми Некӣ!    

Рӯи неконро чароғи шодии худ кардаам,

Рӯзҳоро парчами озодии худ кардаам.

Мегӯяд ӯ ва ин сабку оинро дар зиндагиву шеър ҳамеша оинадорӣ мекунад. Ҳамин тимсоли аҳуроӣ, ки осору афкори ӯро фатҳ кардааст, ӯро аз кори суваророиву  зинатбандиву пероясозиву вожабозиву дигар карашмаҳои суратӣ  фориғ кардааст ва ба самти дигар бурдааст: ба сӯи дарёфти ҳақиқати Инсон, ба сӯи  маърифати дил, шинохти зебоӣ, гиромидории вақт, ба ҷустуҷӯи муҳаббат, ба сӯи наҷибтарину рафеътарин қуллаҳое чун Тоҷикистон, Модар, Миллат, Замин, Офтоб. Дар ашъори ӯ некӣ муродифи Субҳу Офтоб аст:

Ваъдаи дидор бо хуршед дорам ҳар саҳар,

Ман ҳанӯз аз зиндагӣ уммедворам ҳар саҳар.

Мешавам ғарқи муҳаббат аз нигоҳи тифлаке,

Аз тулӯи чеҳраи ӯ нурборам ҳар саҳар.

Чашмҳое ҳастанд, ки аз мубарротарин субҳ ҳам  ғубор меҷӯянд ва чашмҳое ҳам ҳастанд, ки дар ялдотарин шаб ҳам муждаи омадани хуршедро мешунаванду ба ҳамагон ифшо мекунанд. Устод Камол бо дилу дидаи некӯнисораш мубашшири мақдами Офтоб ба рӯҳҳои интизорон аст. Ҳатто барфҳои лак-лакиву  сармоҳои замҳарир дар нигоҳи нишотофарини ӯ қосиди омадани Наврӯзанд:

Барфи лак-лак мезанад,  пайки сафеди осмон ,

Фоли некӣ ёб аз ӯ, оғози нав оғоз кун.

Шуд замин обастани фасли гулафшони дигар,

Дар фурӯғи рӯзи нав сози тарабро соз кун.

Он накӯии фитратӣ, ки сарлавҳи зиндагиву осори шоир гаштааст, дили ӯро ончунон оҳару сафое додааст, ки чун вориси идомаафрӯзи Мавлонову Саъдиву Ҳофизу Мири Ҳамадону Толстою Ҳюгову бузургони дигар дар ҷавоби зишткориҳо ҳам барои бадхоҳон талаби шодбахтиву саодат мекунад:

Эй ба ман бад карда, бар ту бад мабод,

Офатат дидам, туро офат мабод.

Довариро бар Худо биспурдаам,

Ҷони ман бо кина дар як ҳад мабод.

Тамоми мафоҳими тира дар нигоҳи покбини шоир мунир шудаанд: пириро ӯ фасли оғоз мебинад, ғамро қосиди шодии оянда медонад, хаторо роҳе ба сӯи такмилу худсозӣ , хазонро — сафири қаламрави баҳор, ғурубро- тулӯъ, ҳатто маргро ӯ чун пайки абадият мепазирад:

Зиндагонӣ чист? Шодон зистан,

Дар дили зулмат дурахшон зистан.

Талхро ширин фурӯ бурдан ба ком,

Гиряро бо рӯи хандон зистан.

Дардро, то ки бурун н-ояд, ба дард

Дошта дар зери дандон, зистан…

Ӯ чун поягузори тариқати некуӣ дар замони мо дар мақолае навишта буд, ки  “Андеша дорам, ки “Рӯзи некӣ”  дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шавад, зеро дар фарҳанги башарият оини некигароиро ниёкони мо ибтидо бахшидаанд”. Устод Камол Насрулло дар офаринии ғазал як гарояндаи содиқи оини ҷавонмардиву ҳамият аст, аммо бо ин ҳама некугароиву некиситоӣ ашъори ӯ андарзномаву дастурномаву ҳидоятномае нест, ки одамонро ба коре масъулу маҷбур созад. Ашъори ӯ оинаи тобон аст бо тасвири азизи Тоҷикистон, бо симои фурӯғманди аҳли Ватан, бо чашмаву рӯдбору обшорони поктариқат, бо рифъати қуллаҳову шавкати саҳроҳои борвар, бо ҳузури сабзи мову шумо. Ҳуруфи ӯ самимонатарин муҳаббатнома аст ба унвони ҳар нафари  некуназиру некупазиру некузамир.   

Фарзона,

Шоири халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *