Дӯстмурод Шарипов: Дар бораи Абдурозиқ бигӯед
Ҳаҷвнигор ва блогери шинохтаи тоҷик Дӯстмурод Шарипов наворе нашр намуда, дар бораи Абдурозиқ сухан гуфт. Ӯ дар аввал мегӯяд, ки дар бораи гузаштаи Абдурозиқ чизе намегӯяд, балки доир ба фаъолияти имрӯзааш чанд нуктаро баён мекунад.
— Аввал бояд бигӯям, ки ман аз соли 2001 инҷониб бо тамоми ҳунармандони тоҷик робитаи дӯстӣ дорам, вале бо ҳурмату эҳтиром ба ҳамаи онҳо гуфтан ҷоиз аст, ки дар ҳақиқат бародари мо Абдурозиқ коре карда истодааст, ки то ҳол касе онро накардааст. Аммо намедонам, аз чӣ бошад, ки ҳоло касе дар борааш чизе намегӯяд. Мову шумо Салману Роналдуро дар телевизор бинем, аз хурсандӣ як чиз мешавем, вале бародари мо Абдурозиқ дар бари онҳост, чизе намегӯем, ба муваффақияти як ҳамватани худ хомӯш меистем. Бовар кунед, вақте ки тоқии кӯлобиро дар сараш мебинам, бисёр хушҳол мегардам, вале ҳамзамон ҳайронам, ки чаро хомӯшем,- гуфт ӯ.
Дар идомаи суханаш Дӯстмурод Шарипов таъкид мекунад, ки Абдурозиқро борҳо дар телевизионҳои Дубай ва Ҳиндустон дидаааст, вале вақте ки аз як корманди телевизиони худамон пурсидааст, ки чаро Абдурозиқро дар телевизион нишон намедиҳед, ҷавоб гирифтааст, ӯро намешиносанд.
Дар охир ӯ мегӯяд, ки тоҷикон бояд нисбат ба ҳамватани худ бетараф набошанд ва дилашонро соф гиранд, зеро пешравии Абдурозиқ муваффақияти ҳамаи мост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ