Сергей Наришкин ва Эмомалӣ Раҳмон масоили амниятиро дар Душанбе матраҳ карданд

Имрӯз, 22 ноябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро ба ҳузур пазируфт. Ӯ ҳоло бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Русия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Қазияи Афғонистон низ дар маркази диққат қарор дошт.

Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *