Ноҳияи Ашт нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро кард

Кишоварзони ноҳияи Ашт аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш доданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, «Муждаи зафар»-ро аз номи аҳли меҳнати ноҳияи Ашт раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонидааст.

Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ашт соли равон дар 6323 гектар пахта кишт шуда, меҳнаткашони ноҳия бо истифода аз тухмиҳои серҳосили «Мая», «Флеш», «Дӯстӣ» 17311 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 100,1 фоизи нақша баробар аст.

Дар таъмини иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаи ноҳия хоҷагиҳои пахтакории ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҳиссагузорӣ намудаанд. Нақшаи солона дар ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод 111,1%, Пунук — 109,3%, Ашт — 112,8%, Ориён — 103,4%, Ошоба — 106,9% ва дар Ифтихор 104,3% иҷро карда шудааст.

— Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон буда, пахтакорони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда ҳосили боқимондаи пахтаро то пағаи охирин ҷамъоварӣ намоянд ва дар иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли пахтаи вилояти Суғд ҳиссаи арзандаи худро гузоранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *