Д. Қодирзода: Бо «вабои асри XXI» муқовимат мебояд!

Дар даврони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ бо душмани наве рӯ ба рӯ гардидааст, ки хеле хатарноку неруманд, золиму ҳилагар буда, орӣ аз симои миллӣ мебошад.

Номи он терроризм буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое ба монанди харобкорӣ, қатлу куштор, зӯроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклхои идоракунии давлатӣ, сохти давлатӣ-сиёсӣ ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҳамакнун терроризмро метавон ба унвони «вабои асри XXI» ташбеҳ дод, чунки он аз рӯйи қувваи харобкории худ на камтар аз ин бемории марговар аст. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ касе ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амну амонӣ эҳсос намояд.

Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ин робита иброз доштанд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Терроризм ба унвони як зуҳуроти номатлуб аз худ қурбониҳои зиёди инсонӣ ба бор оварда, арзишҳои моддию маънавӣ ва фарҳангиро хароб менамояд, ки дар тули асрҳо наметавон онро барқарор сохт. Он дар байни гурӯҳхои иҷтимоӣ ва миллӣ бадбинию набоварӣ тавлид месозад. Дар замони муосир терроризм барои гурӯҳҳои алоҳида усули ҳалли масоили мубрам, аз қабили проблемаҳои сиёсӣ, динӣ ва миллӣ гардидааст. Терроризми муосир имкониятхои бузурги молиявию иктисодиеро дар ихтиёр дорад, ки на давлат ва на ҷомеа метавонанд онро назорат намоянд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки созмонҳои террористӣ ташкил ва эҷоди сохторҳои навро амалӣ намоянд, афроди муайянеро ба фаъолияти террористӣ ҷалб созанд, дар ин фаъолиятҳо ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ намоянд, ба даст овардани роҳу усулҳои маҷбурии аҳдофи иҷтимоӣ-сиёсиро таблиғ намоянд ва дар ниҳояти кор ба амалӣ шудани кирдорҳои террористӣ даст ёбанд.

Мубориза бар зидди идеологияи террористӣ дар худ маҷмуи тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ, сиёсӣ-иҷтимоӣ, иттилоотӣ-таблиғотиро таҷассум намуда, бояд ба пешгирӣ ва решакан гардидани ин зуҳуроти нангин дар ҷомеа мусоидат намоянд.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ин анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда маҳсуб мегардад. Махсусан, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гироиш ба таъсироти номатлуби гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заъиф мебошад.

Ҷавонон, ки аслан ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи иҷтимоӣ ва равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг ғутавар гарданд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бо дарназардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз чумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал карда наметавонанд, балки муаммоҳои зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Аз ин рӯ, бешубҳа, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон нисбат ба бартараф намудани оқибатхои чунин зуҳурот хеле муҳимтар мебошад. Дар ин масир метавон корҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти радикалӣ дар муҳити ҷавонон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар ин ҷодаи мубориза гузаронидани маҷмӯи тадбирҳои мушаххас дар роҳи ташаккул ва тарбияи фарҳанги ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон нақши муфиде хоҳад дошт. Густариш ва таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон метавонад ба ин амр мусоидат намояд. Донистани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии худ дар насли ҷавон барои рушди ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигар афрод мусоидат менамояд.

Дар кори мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар ҷомеа, дар ташаккули афкори муштараки ҷамъиятӣ, мавқеи шаҳрвандии эҳтиромгузор ба қонун дар шароити зудрушдёбандаи ҷумҳурӣ васоити ахбори омма манбаи қавие мебошад, ки бо кумаки он афкори ҷамъиятӣ ташаккул дода шуда, ҷавононро дар руҳияи эҳтиром ба Ватану миллат, анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия менамояд.

Васоити ахбори оммаи муосир ин нерӯи тавонои созандае мебошад, ки онро бояд баҳри беҳбудии шахсият, ҷомеа ва озодиҳои демократӣ, инчунин алайҳи хатарҳои таҳдидкунандаи инсоният истифода намуд. Муборизаи иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз омилҳои муҳими мубориза бо ин таҳдидҳо буда, мутаносибан дар муттаҳидсозии кӯшишҳои иттилоотӣ чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи мамлакат бидуни шакку шубҳа метавонанд барои муваффақияту пирӯзии тадбирҳои коллективӣ дар роҳи таъмини амнияту осоиш мусоидат намояд.

Ҳамгироӣ дар ҷомеа муҷиби сулҳу амонӣ дар сайёра мебошад. Ҷавононро зарур аст, ки ҳамзистию ҳамгироиро новобаста аз ҷойгоҳи маънавию фарҳангии худ пешаи рӯзгори хеш намуда, худ ва дигаронро мантиқан ва ақлона баҳо диҳанд. Тавонанд ба худ ва дигар афроди ҷомеа аз нигоҳи интиқодӣ назар афкананд, арзишҳо ва камбудиҳои худро шиносанду ба шахсияти ҳар як фарди ҷомеа эҳтиром гузоранд.

Ҳар як инсон ҳокими сарнавишти худ мебошад. Дар ҷаҳони имрӯза қувваҳои зиёде мавҷуданд, ки мехоҳанд аз имконот ва неруи тавонои ҷавонон истифода намоянд. Танҳо ин нуктаро набояд фаромӯш сохт, ки ин неруро дар чӣ коре мехоҳанд истифода намоянд ва оқибати он чӣ ба бор хоҳад овард!? Ташкилоту созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар муборизаҳои худ барои расидан ба ҳадафу матлаб, аз ҷумла «озодиҳои инсонӣ», сарнагун сохтани сохти давлатдории ҷорӣ ва номуътадил кардани авзои ҷаҳони муосир шиорҳои гуногуни динию мазҳабиро пешниҳод менамоянд, ки ҳамаи онҳо бар пояи зӯроварӣ, қатлу куштори бемаънӣ, харобкорӣ ва ғайра ба даст оварда мешаванд. Ин роҳ роҳи инсонҳои бомаърифат нест. Ҳеҷ гоҳ зӯроварӣ, харобкорӣ ба рушду пешрафти миллӣ оварда нарасондааст ва инро таърих борҳо собит намудааст.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти бештари кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Сарвари давлатро амалӣ хоҳанд намуд, ки фармудааст: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки афроде фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *