Роҳи Хуҷанд боз баста шуд

Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии Суғд мегӯяд, дар пайи фаромадани тарма дар минтақаи Майхура шоҳроҳи “Хуҷанд-Душанбе” баста шудааст. 

Карим Ҷуъмаевсухангӯи ин Шӯъба гуфтааст, дар пайи фаромадани тарма ва барфрезии шадид дар километри 51 то 71 роҳ банд шудааст: “Аз ин рӯ, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон хоҳиш менамоем, ки аз сафар ба пойтахт ва ба вилояти Суғд худдорӣ намоянд”.

Ин дар ҳолест, ки роҳи “Душанбе–Хуҷанд” рӯзҳои истироҳат шоҳиди тармафароиҳои зиёд шуд ва то имрӯз расман аз ҳалокати 5 нафар дар ин минтақа хабар расидааст. 31 январ мақомот хабар доданд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳаракат аз самти Душанбе ба Хуҷанд дар рӯзҳои тоқ ва баръакс дар рӯзҳои ҷуфт сурат мегирад. Аммо пас аз як рӯз ин тасмими  худро дигар карданд ва гуфтанд: ҳаракат аз ҳарду самт иҷозат дода шуд.Тавре мутахассисон мегуянд, яке аз сабабҳои асосии қурбон шудани одамон, ин аз ду тараф дар роҳи  танг  рӯ ба рӯ омадани мошинҳо буд, ки дар натиҷа қатори мошинҳо афзуда, дар вақти фурӯ омадни тарма зери он монданд.Тасмими охирин  пас аз чунин фоҷиа, ки дар ағба сурат гирифт, ба хотири чӣ буд? Ё даромад аз роҳ кам шуд ва хостанд аз ду тараф мошинҳоро  иҷозат дода,  зарари дар рӯзҳои тармафароӣ  расидаро  ҷуброн намоянд? Вале инак, худи табиат  роҳро баст ва он то кай идома меёбад, маълум нест

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *