Даҳон-пешгирии бӯйи нохуши он

Табиати инсонҳо гуногун буда, аз миёни даҳ нафар якеаш мушкилии саломатӣ дорад. Дар миёни қайдкардагон аксаран аз бӯйи нохуши даҳон, пой, бадан  нороҳатанд. Ҳар як беморӣ  сабабҳои ба худ хос дошта, бӯйи даҳон низ аз ҷумлаи онҳо ба шумор меравад. Бӯйи нохуши даҳон  сабабҳои гуногун дорад. Масалан, бемориҳои узвҳои дарунӣ, аз ҷумла, меъда, ғадуди зери меъда ва дигар узвҳо, илтиҳоби  милки дандонҳо, пӯсиш ва сӯрох гаштани онҳо сабаби дигари бӯйи даҳон мебошад. Инчунин нашустани даҳон пас аз хӯрдани хӯрок  бӯйи нохуш пайдо мекунад. Одамон ба андешаи он ҳастанд, ки чаро маҳз даҳони онҳо бӯй мекунад ва чаро чунин бӯйи нохуш дар дигарон мушоҳида намешавад.

Галитоз чист?

Галитоз ҳолати музминест, ки аз даҳони инсон бӯйи нохуш ба димоғ мерасад. Бӯе, ки сари ҳар қадам яъне дар дохили  нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба димоғ мерасад, инро галитоз гуфтан хатост. Ин бӯй дар натиҷаи хӯрдани хӯрокҳои тез ва  боқимондаи онҳо дар решаҳои дандон пайдо мешавад.

Пеш аз оне ки  барои нест кардани ин бӯй мубориза баред, бояд сабабҳои онро  муайян карда шавад. Масалан, пайдо кардани дандонпизишки соҳибтаҷриба аввалин   мушкилкушоӣ шумо хоҳад шуд, чунки сабабҳои аслии галитозро муайян менамоянд.

Галитозро  чӣ тавр муайян мекунанд? 

Аксари одамон ба ин ҳолат гирифтор бошанд ҳам, вале  эҳсос намекунад, ки бӯйи нохуши даҳони онҳо ба ҳамсуҳбаташон нофорам аст. Агар эҳсос мекунед, ки даҳонатон бӯйи нофорам дорад, аз наздиктарин шахсатон инро пурседу ҷавоби аниқашро фаҳмед. Вале агар натавонед, аз дигарон пурсед, имконияти хуби ба мутахассис  муроҷиат карданро доред.

Дар шароити хона  муолиҷаи галитозро чунин анҷом додан мумкин аст. Хамираҳои дандоншӯии гуногун вуҷуд дорад, ки метавонед, баъд аз 3-5 соати истифодаи он муолиҷаро оғоз намоед.

Риштаи дандонтозакуниро  (зубную нить) гирифта, ба миёни дандонҳо гузаронед ва оҳиста пешу қафо кашед. Агар баъд аз ин амал боз бӯйи даҳонатон шомида шавад, маълум мегардад, ки ин ҳолати музмин аст.

Ҳамчунин докаи тиббиро гирд печонида, бо он аввал забони худро ва баъдан ковокии даҳонро тоза кунед. Ин амалро озодона анҷом диҳед. Агар дар дока ҳамон бӯе, ки шуморо нороҳат месозад, ба димоғ расад, аз паи муолиҷаи галитоз шавед.

Чаро бӯй пайдо мешавад?

Мутахассисон бар он назаранд, ки бӯйи даҳон дар натиҷаи истифодаи маҳлулҳои бесифат ва риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ пайдо мешавад. Чуткаи дандоншӯйи бояд ҳаракати тез дошта бошад. Ҳамчунин каме сахту сараш боло бошад, чунки бо чунин навъи чуткаҳо тамоми  решаҳои дандон тоза мешавад ва боқимондаҳои ғизо дур                   хоҳанд гашт ва ҳуҷуми микробҳо дар ковокии даҳон кам  мешавад.

Истифодаи нодурусти чуткаи дандоншӯӣ. Дандонпизишкон ҳамеша таъкид мекунанд, ки инсон дар як рӯз ду маротиба дандонҳои худро шӯяд. Вале аксари онҳо пеш аз хоб фаромӯш мекунанд, ки шустушӯйро анҷом диҳанд. Аз ин рӯ, шабона аз боқимондаҳои хӯрок бактерияҳо пайдо шуда, доғҳои пӯсиш ба вуҷуд меояд ва дар баробари ин, бӯйи нохуш ва мушкилиҳо ба миён меояд.

Тамокукашӣ. Қариб ҳамаи  одамоне, ки тамоку мекашанд, аз даҳонашон бӯйи нохуш меояд, ки оҳиста- оҳиста  бемориҳои музмини дандон пайдо мешавад.

Пӯсиш. Дар  натиҷаи зиёд шудани бактерияҳои ковокии даҳон, ки дар қисми болоии дандонҳо ҷойгир ҳастанд, бо луоби даҳон омехта шуда, бӯйи бади даҳон хориҷ мешавад.

Бемориҳои дандон ва  узвҳои ҳозима. Нодуруст риоя кардани реҷаи хӯрокхӯрӣ.

Хонандагони азиз! Агар шумо аз ин ҳолат нороҳат ҳастеду маслиҳатҳои  мо  кумак накард, пас ба дандонпизишк муроҷиат намуда, мушкилии хешро ҳал намоед. Саломатии шуморо хоҳонем.

Витамини С

Миқдори шабонарӯзии он чанд аст?

 

Аксари кӯдакон ва ҷавонон аз норасогии витаминҳо азият мекашанд ва бештари онҳое, ки ба духтур муроҷиат мекунанд, аз доғҳои гуногуни пӯст, беҳолию бемадорӣ, мондашавии пай дар пай шикоят мекунанд ва ҳамаи ин норасогии  витаминҳо мебошад. Аслан мо фикр мекунем, ки ҳамеша витамин истеъмол мекунем, вале дар асл хӯрокҳои якхела  наметавонад, организми моро ба маводҳои лозимӣ пурра таъмин намояд.  Норасогии онҳо дар ҳама синну сол ташвишовар буда, бештар дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ, ки вақти рушду нумӯи организм мебошад, хеле зарур аст. Ин навбат каме ҳам бошад, барои хонандаи худ ин таблитсаро пешниҳод намудем, ки саривақтӣ мебошад.

Ҷинс Синну сол Миқдори муқаррарии кислотаи аскарбинӣ дар як шабонарӯз

(Витамин С)

Навзодон то 6- моҳагӣ 40
Ширхораҳо 7-12-моҳагӣ 50
Кӯдакон 1-3-сола 15
Кӯдакон 4-8- сола 25
Кӯдакон 9-13- сола 45
Духтарчаҳо 14-18 сол 65
Ҷавонон 14-18 сол 75
Мардон 19- сола ва

аз он боло

90
Занҳо 19- сола ва

аз он боло

75

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *