Шавкат Мирзиёев президенти нави Ӯзбекистон

Ғалаба бо 89 %-и овозҳо

Маъракаи интихоботи ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон, ки 4-уми декабр баргузор гардид, бо ғалабаи Шавкат Мирамонович Мирзиёев анҷом ёфт. Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон рӯзи 5-уми декабр, зимни як изҳороти расмӣ ғолибияти Шавкат Мирзиёевро пас аз дарёфти 89%-и овозҳо эълон кард.

Дар ин сабқат ҳамроҳ бо Мирзиёев, инчунин Ҳотамҷон Кетмонов, Сарвар Отамурдов ва Наримон Умаров номзад буданд. Аммо пас эълони натиҷаҳои интихобот маълум шуд, ки  Кетмонов ҳамагӣ  3,73, Умаров 3,46 ва Отамуродов 2,35 дар сад овоз гирифтанд. Ҳотамҷон Кетмонов ва Наримон Умаров дар интихоботи гузаштаи Ӯзбекистон низ ба ҳайси рақибони Ислом Каримов иштирок карда, шикаст хӯрда буданд.

Ғолибияти бебаҳс

Коршиносон бар он ақидаанд, ки натиҷаи ғайрро интизор набуданд ва ғалабаи Шавкат Мирзиёев бебаҳс буд.

Владимир Сорокин, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ба радиои BBC гуфтааст:

«Шавкат Мирзиёев солиёни зиёд дар сиёсат дар паҳлуи марҳум Ислом Каримов буд. Вай сарвазири Ӯзбекистон, волии вилоят ва дар садри дигар вазифаҳо низ кор кардааст. Зинаҳои сиёсатро аз сифр оғоз кардааст. Ва табиист, ки ӯ ғолибият ба даст овард.

Дигар ин  ки Каримов ба таври ногаҳон аз дунё гузашт. Ӯзбекистон ба марги ӯ омода набуд. Мардуми ин кишвари осиёӣ ба сабқатҳои интихоботӣ омода набуданд, чун онҳо тӯли 25 сол дар зери як режим, режими якранг зистанд. Мирзиёев, низ бо шикастани баъзе аз ин занҷирҳо идомадиҳандаи сиёсати Каримов хоҳад буд. Яъне, мардуми Ӯзбекистонро чунин низом ва чунин ҳукумат қонеъ мекунад ва лозим нест, ки ба режими нав пайванданд”.

Ӯзбекҳо  интизори ислоҳотанд

Дар робита ба интихоботи Ӯзбекистон Виктория Панфилова, шореҳи  «Независимая газета», ки  ҷараёни интихоботи президентии Ӯзбекистонро дар Тошканд пайгирӣ дорад, дигар хел шарҳ медиҳад. Ба гуфти ӯ  «сокинони Ӯзбекистон мехоҳанд, ки дар тиҷорат, бахусус соҳибкории хурду миёна ислоҳот сурат гирифта, ба онҳо сабукӣ дода шавад».

Панфилова ақида дорад, ки интихоботи имсолаи Ӯзбекистон аз интихоботҳои қаблӣ, ки ӯ бевосита дар онҳо ширкат варзидааст, фарқ дорад. Ӯ мегӯяд, ки интихобот тафовут дорад, аммо орзуҳои мардум тағйир наёфтааст. “Ман бо баъзе аз мардум суҳбат доштам ва онҳо гуфтанд, ки президенти нав бояд роҳи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешинро идома диҳад. Аммо интизоранд, ки дар тиҷорат, бахусус соҳибкории хурду миёна барояшон сабукӣ дода шавад.»

 Лӯхтакҳои фиреби назар

Аммо коршиноси маркази таҳлилии “GKSD»-и Британия Кабир Виктория Наимова ба хабаргузории “Ferganа.ru» гуфтааст, ки ба интихоботҳои давлатҳои Осиёи Миёна, ки дар режими диктаторӣ қарор доранд, эътимод надорад ва ғалабаи Мирзиёев далели қотеъи иддаъояш аст.

“Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар режими  худкома фаъолият доранд ва интихоботҳояшон ҳеҷ гоҳ шаффоф намегузарад… Дар ин давлатҳо ягон оппозитсияе боқӣ намондааст. Рақибони Мирзиёев, ки пештар рақибони Каримов буданд, ҷуз “лӯхтакҳои фиреби назар” чизе нестанд.

Агар ғалабаи Мирзиёев муайян намебуд, баъди чанд дақиқаи эълони интихобот дар ситоди ҳизб торт пора карда, ғалабаро ҷашн намегирифтанд. Магар мешавад, ки торт дар ним соат омода шавад?

Аммо масъалаи кулчақанди ғалабаро аз дафтари  матбуотии ситоди ҳизби либерал — демократӣ ба “Ferganа.ru» чунин тавзеҳ доданд: “Кулчақанд баъди ғалабаи Шавкат Мирзиёев омода гардида буд. Мо ба раъйи мардум эҳтиром дорем”.

Ислоҳот мешавад?

Баъди ғалабаи Шавкат Мирзиёев дар интихоботи Ӯзбекистон суоле сар мезанад, ки оё ислоҳоти ҷиддӣ пас аз ӯ дар сиёсати Ӯзбекистон рух медиҳад? Ва ё ӯ ҳам идомадиҳандаи сиёсати мустаҳкам ва пӯшидаи Ислом Каримов боқӣ мемонад.

Ағлаби коршиносон мӯътақиданд, ки баъди Мирзиёев дар ҳама соҳаҳои ҳаёти халқи Ӯзбекистон тағйиротҳо сурат мегирад. Аз ҷумла, коршинос Акбота Батирова ба “ТАСС” гуфтааст, ки “Ҳатман ғалабаи Мирзиёев ислоҳотҳоеро думбол дорад. Аз ҳама муҳим ӯ муносибаташро бо ҳамсояҳояш ва минтақа хуб мекунад. Аллакай ӯ дар робита ба Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳкурсӣ гузоштааст, фақат онро тавсиа мебояд дод.

 Маълумотнома

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Миромонович Мирзиёев ходими давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсии Ӯзбекистон аст. Ӯ  24 июли соли 1957 дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистони советӣ таваллуд шудааст. (Мувофиқи баъзе маъхазҳо ӯ зодаи деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аммо оилаи онҳо барвақт ба вилояти Ҷиззах муҳоҷир шудаанд. Деҳаи Яхтан низ ӯзбекзабон мебошад).

Ӯ соли 1981 Институти ирригатсия ва мелиоратсияи Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-усто хатм кардааст.  солҳои 1981 – 1992 ӯ дар ҳамин донишгоҳ ба сифати ходими хурди илмӣ то котиби комсомол кор карда, унвони номзади илмҳои техникиро гирифтааст.

Соли 1990 вакили шӯрои олии Ӯзбекистон ва соли 1992 вакили парлумони он интихоб шуд. Соли 1992 ҳокими вилояти Улуғбек таъин гардида, соли 1996 ҳокими Ҷиззах таъин шуд. Аз соли 2001 то 2003 ҳокими вилояти Самарқанд буд.

12 декабри соли 2003 бо фармони президенти Ӯзбекистон сарвазири ин кишвар таъин шуд, ки дар ҳамин давра тавонист чун сиёсатмадор шӯҳрат ёбад. Моҳи сентябри соли равон пас аз марги Ислом Каримов иҷрои вазифаи президентӣ ба души раиси парлумони кишвар Неъматулло Юлдошев гузашт, аммо ӯ 8 сентябр истеъфо дод. Ҳамин тавр, Маҷлиси Олии Ӯзбекситон Шавкат Мирзиёевро ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон таъин кард. Санаи 4 декабр дар интихоботи президентии Ӯзбекистон бо дарёфти 89%-и овозҳо ғолиб омад ва Президенти ин мамлакат таъин шуд.

Падараш Миромон Мирзиёев духтур – фтизиатр ва модараш (номаш номаълум) корманди беморхона, ки дар ҷавонӣ фавтидааст. Ӯро моиндараш, ки тотор буд, ба воя расонидааст.

Ҳамсараш  Ҳошимова Зироатхон (Ойхон) Маҳмудовна, ҳамкасби шавҳараш аст. Духтаронаш  Шаҳноза, Саида ва писараш Даврон ном доранд.

Ҳайдар Ҷамол аз дунё гузашт

Ҳайдар Ҷамол, рӯҳонии маъруфи рус шаби 4 ба 5 декабр дар Алмаато бар асари беморӣ аз дунё гузашт. Дар бораи марги ӯ дар саҳфаи интернетиаш хабар додаанд.

Ҳайдар Ҷамол соли 1990 Кумитаи исломии Русияро таъсис дода, яке аз бунёдгузори аввалин ҳизби исломӣ дар қаламравии Иттиҳоди Шӯравӣ  буд, ки аз соли 1990 то 1994 фаъолият мекард.

Ӯ дар баробари корҳои сиёсӣ ба пажӯҳиш машғул буда, чандин китоб доир ба ислом, аз ҷумла «Озодкунии ислом» ва «Инқилоби паёмбарон»-ро навиштааст. Ӯ 6 ноябри соли 1947 дар шаҳри Маскав ба дунё омада, падараш озарбойҷонӣ ва модараш рус аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *