Даҳ ҳозор сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо оби поки ошомиданӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Рудакӣ иншооти обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ ба истифода дода хоҳад шуд, ки он сокинони деҳоти Чорякорон, Гиждалабод ва Чавлибоиро бо оби поки ошомиданӣ таъмин намуда, ба хонандагони ду мактаби ин деҳот имкони таҳсил дар муҳити аз назари беҳдоштӣ тозаро фароҳам меорад.
Маросими ифтитоҳи иншооти нави таъминкунандаи оби нӯшокӣ санаи 6 июли соли 2017 соати 9:00 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ доир мегардад.
Ин маросим аз ҷониби созмони Оксфам дар Душанбе якҷо бо Ҳукумати ноҳияи Рудакӣ баргузор хоҳад шуд. Чорабинии мазкур бо мақсади нишон додани нақш ва зарурати оби нӯшокӣ ба саломатӣ ва беҳдошти сокинони ноҳияи Рудакӣ баргузор гардида, ҳамчунин ба идоракунии сохторҳои обтаъминкунӣ ва санитарӣ аз ҷониби ҷомеа ва Асотсиатсияи истифодабарандагони об, ҷиддан ишора мекунад.
Гуфта мешавад, Оксфам лоиҳаи худро дар ноҳияи Рудакӣ тавассути ҳамкориҳои судманд бо ду созмони маблағгузор, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд, бо муваффақият амалӣ намуд. Дар доираи лоиҳаи “Таъминоти об ва беҳдошт дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад, Оксфам дар деҳоти Чоряккорон иншооти обтаъминкунандаро бунёд кард, ки дастрасии даҳ ҳазор нафарро ба оби поки ошомидани таъмин мекунад. Аз ин иншоот сокинони деҳоти Чорякорон (4740 нафар), Гиждалабод (3164 нафар) ва Чавлибойи (2100 нафар) истифода хоҳанд кард. Минбаъд сокинон обро аз ҷумакҳое, ки дар ҳавлиҳояшон насб шудааст, дастрас мекунанд. Соле пеш набуди об ба сокинони деҳа мушкилӣ эҷод мекард, ба хусус занон маҷбур буданд, ки обро аз масоҳати дур дар зарфҳо ба хона биёранд.
Ғайр аз ин Оксфам дар ду мактаби ноҳия макони беҳдоштӣ- ҳоҷатхона ва утоқи дастшӯйиро дар доираи лоиҳаи “Таъминоти об ва беҳдошт дар ҷамоатҳо” (CoDWSS), ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Финландия дар доираи барномаи FinWater WEI маблағгузорӣ шудааст, барқарор кард.
Минбаъд наздик ба 1600 хонанда ва омӯзгори мактаби № 67-и деҳаи Чорякорон ва беш аз 700 нафар дар мактаби № 70-и Гиждалабод аз ин иншооти наву бехатари беҳдоштӣ истифода хоҳанд кард.
Иловатан лоиҳа барои беҳтар кардани вазъи саломатии кӯдакон ва шаҳрвандон дар ҷомеа тавассути ташкили маъракаҳои иттилоотӣ кӯмак намуд. То ин ки маърифати кӯдакон ва аҳолӣ оид ба мушкилоти марбут ба саломатӣ, тозагӣ, таъминоти об ва беҳдоштӣ баланд бардошта шавад.
Дар натиҷа ҳудуди шаш хонандаи мактаб ва калонсолон (марду зан) чун тренерони барнома ва фаъолони ҷомеа омӯзонида шуданд. Онҳо оид ба саломатӣ ва қоидаҳои беҳдорӣ ба ҳамсинфон ва аъзоёни ҷомеадар шакли дарсҳои кушод ва вохӯриҳо, маълумот пешниҳод мекунанд. То имрӯз ин тренерон ба 4 000 нафар таълим додаанд.
Дар маросими ифтитоҳии мазкур ҷаноби Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ҳукумати ноҳияи Рудакӣ иштирок хоҳад кард, ки бо Оксфам ҳамкории зич намуда барои роҳандозии лоиҳа дар ин ноҳиясаҳми арзанда гузоштааст.
Баъдан хонум Валбурга Рус, раҳбари Оҷонсии оид ба рушд ва ҳамкории Швесария низ дар ин нишаст иштирок хоҳад кард. Ӯ дар суханронии худ оид ба арзиши об дар ҳаёти инсонҳое, ки дар деҳот зиндагонӣ мекунанд ва нерумандсозии ҷомеа дар рушди минтақа, ибрози назар хоҳад кард.
Ҷаноби Соҳибназар Сафаров, раҳбари Раёсати маорифи ноҳияи Рудакӣ, оид ба таъсири об дар ҷараёни таълим ва барои насли ҷавон дар мактабҳо таъсиси муҳити солим, изҳори ақида хоҳад кард.
Дар охир Орхан Али, муовини раҳбари созмони байналмилалии Оксфам дар Тоҷикистон, оид ба зарурати идоракунии ҷамъиятии низоми обтаъминкунию беҳдоштӣ ва ҳамкории ҷомеа бо ҳукумати маҳалӣ, барои таъсиси низоми нерӯманди институтсионалӣ, ки ба устувории он мусоидат мекунад, сухан хоҳад гуфт.
Дар ин маросим намояндагони ҳукумати ноҳияи Рудакӣ, асотсиатсияи истифодабарандагони об, хонандагону омӯзгорон, кормандони бемористонҳо ва сокинони ноҳия, иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин қарор аст дар ҷараёни ин чорабинӣ намояндагони ҳукумат, созмонҳои маблағгузор ва намояндагони ВАО аз деҳаҳои Чорякорон, Гиждалабод, Чавлибоӣ ва мактабҳо дидан намоянд.
Маълумот барои муҳаррир:
Лоиҳаи “Таъминоти об ва беҳдошт дар Тоҷикистон” TaJWSSаз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Оксфам дар ҳаморӣ бо дафтари Душанбегии Барномаи рушди СММ UNDP барои солҳои 2014-2018 амалӣ мешавад.
Лоиҳаи “Таъминоти об ва беҳдошт дар ҷамоъатҳо” аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Финланд тавассути барномаи FinWater WEI маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Оксфам барои солҳои 2015-2018 амалӣ мешавад.
Барои маълумоти бештар бо хонум Гулчеҳра Бобоева, ҳамоҳангсози барномаи WASH дар тамос шавед: [email protected]ё ин ки ба ин сомона нохун занедwww.tajwss.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ