Ҳавлирӯби тоҷик бо сурудхонӣ русҳоро қоил кард

Ин муҳоҷири тоҷик дар ватан ҳам ба ҳайси овозхон дар театри маҳаллӣ кор мекардааст.

Як муҳоҷири тоҷик дар Краснояск бо иҷрои суруд аз кинофилмҳои ҳиндӣ машҳур шудааст. Ҷавоне бо номи Сорбон изҳор доштааст, ки пул кор карда, гурӯҳи мусиқии худро ташкил карданист.

Бино ба иттилои Life, Сорбон дар ватан ба ҳайси овозхон дар театри маҳаллӣ кор карда, лекин маҷбур шудааст, ки касбашро тарк намуда, ба Русия равад. Замони муҳоҷират ӯ аз таронахониаш даст накашида, ҳангоми кор бо забони ҳиндӣ ва дигар забонҳо суруд мехонад.

Баъди ба шабакаи Интернет роҳ ёфтани наворҳои видеои сабти сурудҳои Сорбон, ӯро ба тӯйҳо даъват мекардагӣ шуданд. Маъмулан ӯ ба хизмат дар тӯйҳо розӣ шуда, вале барои он маблағ намегирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *