Генарал Камолов дар 1-ум Советский даргузашт
Генерал Саиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи амнияти Тоҷикистон даргузашт.
Гуфта мешавад, ки Камолов 70-сола буда, таи чанд ҳафта аз бемори ранҷ мекашид. Ба қавли набераи марҳум Беҳрӯз, Камолов гирифтори бемории «бронхит» буд ва сабаби маргашҳам маҳз ин беморист. Беҳрӯз мегӯяд, Саиданвар Камолов рӯзҳои ахир дар шифохонаи «Якум Советский»-и пойтахт муолиҷа мегирифт ва маросими дафнаш 14-уми май баргузор мешавад.
Бархе аз манобеъ гуфтанд, Камолов муддати дароз аз илтиҳоби шуш ё пневмония табобат мешуд. Мақомот сабаби расмии марги ӯро ошкор накарданд.
Саиданвар Камолов соли 1950 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон зода шуда, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар китоби хотираҳояш менависад, бори аввал соли 1977 дар ҳайати се гурӯҳи тафтишотӣ корро оғоз намуд ва таҳқиқи ду парвандаи ҷиноиро дар бораи қаллобии аз ҳад зиёд анҷом дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ