Фарзонаву Озарахш дар хориҷи кишвар набуданд! Посух ба чанд тӯҳмат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд

Дар ин шабу рӯз, ки аз сиҳатии Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахшу Фарзона хабарҳои хуш мерасад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозае паҳн шуд, ки гӯё қабл аз хурӯҷи коронавирус дар кишвар шоирони маъруф ба Олмон сафар доштанд ва баъди бозгашт бо дахолати қудояшон Хайринисо Юсуфӣ аз карантин раҳо шудааанд. Илова бар ин, гӯё духтари онҳо ин вирусро аз хонаи волидайн ба хонаи сиёсатмадори баландпоя Хайринисо Юсуфӣ овардаву аҳли ин оиларо сироят кунонидааст. Дар пайи ин овозаҳо бо шоира Фарзона суҳбати телефонӣ доштем ва нахуст аз вазъи сиҳатии Озарахш ҷӯё шудем…

-Феълан вазъи Озарахш муътадил аст. Шукр, ки эшон ва дар баробари он кас оилаи мо як имтиҳони ҷиддиро пушти сар кардем… Худованди бузург ба сари башар имтиҳонҳои зиёд мефиристад ва озмоишу санҷиши фаровон медиҳад. Вақте Худованд ба мову шумо саодат ҳадя мекунад, ҳамин саодат низ ҳатто имтиҳон аст, ки ин саодатро мову шумо чӣ гуна таҳаммулу қазоват мекунем ва чӣ гуна аз он ком ситонида, онро бо мардум қисмат мекунем. Вақте ба мо давлат мефиристад, ин ҳам озмоишу имтиҳон аст. Вақте ба мо шуҳрат ҳадя мекунад, ин бузургтарин озмоиш аст, зеро на ҳама кас метавонад ҳангоми шуҳратмандӣ муносибати худро бо инсонҳо он тавре, ки қабл буд, ҳифз кунад. Вақте ба мо  машаққат ва азият, дарду ориза мефиристад, ин  бузургтарин санҷишу имтиҳон аст. Ман медонам, ки Озарахш бо таҳаммули мардона, бо сабри аюбӣ, бузургворӣ, собирӣ ва бо шукри беҳад ин ҳама ғаму ранҷ ва дардро сипарӣ намуд ва ҳоло дар марҳилаи таҳаввул ва таҷаддуд қарор дорад. Маълум аст, ки эшон бемории вазнинеро пушти сар карданд ва албатта таъҷилӣ не, балки тадриҷан сиҳат мешаванд. Рӯз аз рӯз беҳ шудани вазъи саломатиашонро ҳамарӯза эҳсос мекунем…

-Умуман, ин беморӣ дар оилаи шумо чӣ гуна пайдо шуд?

-Ибтидо Озарахш бемор шуданд. Мо гумон кардем, ки зукоми одист ва зуд мегузарад, вале лаҳза ба лаҳза ҳолаташон бад шудан гирифт. Бинобар ин, ёрии таъҷилӣ ҷеғ задем. Табибон баъди муоина ба хулоса омаданд, ки Озарахшро мебаранд, бинобар ин, ман низ ҳамроҳашон рафтам. Вақте дар Бемористони Шайх Бурҳон қарор доштем, ба ман гуфтанд, ки шумо вориди нуқтаи карантинӣ шудед ва бояд 14 рӯз дар бемористон бимонед. Розӣ шудам, зеро бо Озарахш буданам муҳим буд. Дар ин миён худам ҳам каме бемор шудам, вале зуд шифо ёфтам. Вазъи Озархаш бошад, хеле ваҳим шуд, эшон зиёд азоб кашиданд… ва шукр, ки вазниниҳоро пушти сар карда, дар ҳоли шифоёбӣ ҳастанд…

-Эҳтимол дар мавриди овозаҳое, ки атрофи хонаводаи шумо ҳаст, иттилоъ доред…

-Шунидам, вале аз сабаби оне, ки ташвишам зиёд аст, аз ҷузъиёташ бехабарам.

-Мегӯянд, ки шумо чанде пеш дар Олмон будед ва дар он ҷо аз коронавирус сироят ёфта, ба Ватан баргаштед, аммо карантинро риоя накардед…

-Ин ҳарфҳо асос надоранд. Ман дар се соли охир ва Озарахш тайи ду соли охир сафари дур надоштем. Бори охир соли гузашта ман дар Ӯзбекистон будам, ки ҳоло аз ин беморӣ ному нишон набуд. Қабл аз беморӣ Озарахш пай дар ҳам дар чорабиниҳо ширкат мекард ва Наврӯз дар Душанбе маҳфилҳо баргузор намуд. Ман бошам, аслан дӯст намедорам, ки зиёд миёни издиҳом бошам, бинобар ин, хеле кам берун меравам. Аз куҷо сироят ёфта, бемор шудани Озарахш бароямон номаълум аст… 

-Дар идома менависанд, ки гӯё маҳз духтари шумо – келини Хайринисо Юсуфӣ аҳли оилаашро сироят кунонидааст.

-Ин суханҳо бепоя ҳастанд, зеро духтари мо шукр, ки солим аст ва бемор нашудааст. Ман бо муаллима пайваста дар тамоси телефонӣ ҳастам. Эшон ба ман гуфтанд, ки санаи 11 апрел Ҷалолиддин Пиров ном прокурор аз илтиҳоби шуш аз олам мегузарад. Бародари ӯ Абӯбакр Пиров дар Бонки миллӣ ҳамкори духтари муаллима Бунафша Сироҷиддинова аст. Онҳо дар як ҳуҷра менишастаанд. Бунафша аз он ҷо сироят меёбад. Муаллима низ аз бемории духтарашонро зуком фикр карда, ӯро нигоҳубин мекунанд ва дар натиҷа ҳар ду сироят ёфта, ба бемористон интиқол ёфтанд. Саломатии ҳар дуи онҳо хуб аст, онҳо бемориро сабук пушти сар мекунанд… 

-Рӯзҳое, ки дар бемористон будед, киҳо бештар дар паҳлуи шумо буданд?

-Тамоми дунё дар паҳлуи мо буд… Бовар кунед, ман ин гуна интизорӣ надоштам.  Ҳатто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи чандин аҳли мақом ва масъулон ба Озарахш саломи хос мефиристоданд. Сарвазири мамлакат бисёр мубодират ва ёрмандии рӯҳонӣ ва равонӣ карданд. Инчунин, раиси вилояти Суғд  ҳамеша ёвар ва ёри мо буданд ба ҳадде, ки модари азизашон шабҳо ба Озарахш занг зада, дуо мекарданд ва мегуфтанд, ки кош ҳамон рӯзе зуд фаро расад, ки ман ба шодбоди саломатии шумо равам.

Нафарони одитарини олам ва шахсони маъмулӣ низ ҳамеша дуо мефиристоданд. Аз дуо қиматмандтар ва бамиқдортар чӣ буда метавонад?!

Вақте бародарзодаҳои мо ба бозор ба нияти харид ворид шуданд, нобиноеро диданд, ки бо асо мерафт ва шеъри маро такрор мекард:

Худоҷон, аз бало моро нигоҳ дор!

Замину осмонҳоро нигоҳ дор!

Бимон фарзанди одам рӯз бинад,

Тамоми аҳли дунёро нигоҳ дор…

Ва ин нобино мегуфт, ки Илоҳо бани одамро аз ин маргу ориза раҳо кун ва Озарахшу Фарзонаро ҳам дар ин миён муждаи амн бидеҳ. Бо ин гуфтаҳо ба чашмони хешовандони мо ашк давид. Як нафаре, ки аслан бо мо пайванду шиносоӣ ва ошноии мустақим надорад, ин ҳама дуоро ба нишонаи мо мефиристад…

Дӯстони наздикони мо ҳамарӯза ба бемористон таом мефиристоданд ва писари 17 соли моро, ки дар хона танҳо монда буд, танҳо нагузоштанд…

-Феълан табибонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамонони замон арзёбӣ мекунанд. Муносибати онҳо бо шумо чӣ гуна буд?

— Ман ҳарфи сазовор намеёбам, ки ҷоннисориҳои табибонро барои табобати беморон ифода кунам. Ман мехостам барои он табибоне,  ки ин ҳама рӯз ҳамроҳи гирифторон ва маризон  ба сар бурданд ва   сарсупурдагӣ ва бузургвориҳо карданд, ҳазор хирмани сипос гӯям. Чӣ қадар рӯзҳое буд… Ҳатто як табиби ҷавоне, ки  ҳамроҳи мо буд ва фарзандаш тоза таваллуд шуда буд  ва ҳанӯз дидорашро он сон, ки мехост надида буд ва шабҳо орзуманди дидори фарзанд буд ва дуо мекард, ки устод зуд муждаи саломат ёбанду ман ба дидори фарзандам расам. Чандин нафарҳое буданд, ки яке ба ёди модар, дигаре ба ёд хешованди дигар, савумӣ ба ёди фарзанду пайванди худ месӯхт ва мехост, ки  зуд барои мо пайки шифо ояд.

Воқеаеро бароятон нақл мекунам. Як рӯзи тӯфонӣ замин ранги тира гирифта буд ва дарахтон сахт меларзиданду як қисмашон решакан мешуданд ва сутунпояҳо меафтиданд. Ин бисёр ҳолати даҳшат буд ва ин замон барқ хомӯш шуд. Шом фаро расида, тирагӣ дунёро фаро гирифта буд. Вақти аз тиреза нигоҳ кардам, дар берун як ғубори бузург бархоста буд.  Аҷаб ҳоле фаро расид, ки дастгоҳи сунъии нафаскашӣ хомӯш шуд ва ман ба худ гуфтам, ки ҳоли устод чӣ мешавад?

Вақте ба поён нигоҳ кардам як нафар корманди маъмулии бемористони Шайх Бурҳон, ки мо он ҷо будем, дар даруни ин тӯфону сутунҳои ларзанда ва дарахтони афтанда  давон рафта, дизелро ба кор андохт. Ростӣ дар ҳоли даҳшат на ҳар кас  ин корро мекард. Садояшро шунидам, ки мегуфт: «Набояд устод бенафас монанд».   Вақте пурсидам номи ин бародар чист? Ӯ ба ҳадде одами маъмулӣ ва одӣ буд, ки чанд нафар табибоне, ки ҳамроҳи ман буданд, номи ӯро намедонистанд. Ман гуфтам: «Ин қаҳрамон аст, ки бо ин бузургворӣ омад ва ба инсонҳо нафас ҳадя кард». Муносибати табибон ва масъулини бемористон на фақат бо мо, балки бо ҳамаи беморон чунин аст…

Тамоми табибоне, ки ҳамроҳи мо буданд, шояд унвони қаҳрамонӣ ва мақоми бузургворӣ натавонад, ки масоҳати бузургиву хидматҳои онҳоро ифода кунад. Ба онҳо  ҳазорон раҳмат мефиристам ва орзу мекунам, ки ба ҳама хубиҳояшон бузургтарин пардохт ҳам аз ҷониби Давлату Ҳукумат  мешавад ва ҳам аз ҷониби Ҳазрати парвардигор, ки банданавоз аст ва ба табибон мақоми шарифтаринро лоиқ донистааст…

-Муаллима, ташаккур, ки вақт ёфта, бо мо ҳамсуҳбат шудед. Ба шумо ва хонаводаи шумо саодати ҳамешагӣ орзу мекунам.

-Ба шумо ва дар симои шумо ба ҳамаи он рӯзноманигорони азизе, ки аз чорсӯи олам ҳамеша занг мезаданд ва мутаассифона мо имкон надоштем, ки ба ҳама онҳо посух гӯем, изҳори сипос мекунам. Ҳамчунин, ба ҳамаи дӯстону азизон, ки дар фикри мо буданд ташаккур мегӯям.  Боварӣ дорам, ки башар ба ин вабо ғалаба хоҳад кард ва ба зудӣ ба ҳаёти маъмулӣ бармегардем.

Мусоҳиб

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *