Далер Ҷумъа барои таъмири роҳҳои Шуғнон 80 тонна асфалт кумак кард (аудио)

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир дар ноҳияи Шуғнон аз мавзеи бунёди майдони Парчами давлатӣ дидан намуд.

Гуфта мешавад, ки майдони Парчами давлатӣ аз ҳисоби маблағгузории Вазорати энергетика ва захираҳои об бунёд карда мешавад.

Ҳамзамон, Ҷумъа Далер Шофақир бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар хонаи истиқоматии барои оилаи аз офати табиӣ зарардида сохташаванда дидан намуда, барои тезонидани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар таъмин намудани иншоот бо масолеҳи сохтмонӣ ба роҳбарияти ширкати “Помир Энерҷӣ” супоришҳо додааст.

Ҷиҳати аз таъмири ҷорӣ баровардани роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон аз ҷониби вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шуғнон ба миқдори 80 тонна асфалт дастрас шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *