ZET-MOBILE ба зиёда аз 100 нафар покизакорон кумак кард (аудио)

Субҳи имрўз аз ҷониби масъулин ва кормандони ZET-MOBILE бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 100 нафар рўбандаю покизакорони шаҳр кумакҳои ғизоӣ  тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, кормандони ZET-MOBILE ҳангоми тақдими маводҳои ниёзи аввалия иборат аз шакар, равған, биринҷ, макарон, ду намуд чойи хушк ва ғайраҳо зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид доштаанд, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.

— Рўбандаю покизакорон, ки ғайричашмдошт аз кумакҳои ғизоии ниёзи аввалия бархўрдор шуданд, миннатдории хешро барои чунин иқдоми наҷиб ба роҳбарияти давлату Ҳукумат ва ширкати ZET-MOBILE изҳор доштанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *