Дантеи адабиёти рус. Ба ифтихори 80–солагии нависандаи бузурги муосир Темур Зулфиқоров

Дурдонаҳои Хоҷа Насриддин

Нависанда, шоир ва драматурги машҳур, яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти муосир, яке аз навовартарин адибони дунё Темур Зулфиқоров ба синни 80 мерасад.

Темур Зулфиқоров бо образҳои машҳури устуравиаш – Хоҷа Насриддин, Дарвеш Зулфиқор, Шоир Z таҷрибаи насрнависии адабиёти ҳазорсолаи тоҷикро бо ғояи баланди адабиёти паҳновари рус омезиш дода, як намуд насри манзумро дар адабиёти рус офарид ва ӯро бо муҳаббат алоқамандони эҷодиёташ «Дантеи адабиёти рус» мегӯянд. Ҳамчунин, ваҳдати миёни динҳо ва фарҳангу тамаддунҳо вижагии дигари эҷодиёти ӯст.

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе дар оилаи Темур Қосимов — яке аз мансабдорони замон, ки соли 1937 ғарқи гирдоби шахспарастии сталинӣ гардид ва забоншинос, профессор Людмила Успенская, ки яке аз муаллифони «Луғати тафсирии русӣ – тоҷикӣ»-ст, таваллуд шудааст. Муҳассили Институти адабии ба номи Горкий буда, ҳамрадифи Роберт Рождественский, Андрей Вознесенский, Юнна Моритс, Белла Ахмадулина, Олжас Сулаймонов, Муъмин Қаноат солҳои 60-уми асри гузашта ба майдони адабиёт ворид гардидааст, аммо бинобар мавҷуд будани ихтилофоти ақидавӣ миёни асарҳои ӯ ва сиёсати ҳукумати коммунистӣ, солҳои 80-ум аввалин китобаш нашр гардидааст.

То имрӯз қариб 30 китобаш бо забони русӣ нашр гардида, намунаи эҷодиёташ ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума шудааст. Повесту романҳои мухталифаш миёни хонандагони аврупоӣ шӯҳрат пайдо карда, барои   асари “Саргузаштҳои заминиву осмонии шоир»-аш  сазовори ҷоизаи адабии Англия — “Коллетс” ва  “Беҳтарин романи Аврупо” дар соли 1993 гардидааст.  Ҳамчунин, “Масалҳои тилоии Хоҷа Насриддин” дар соли 2004 ҳамчун “Асари барҷастаи адабиёти рус” соҳиби ҷоизаи “Ясная Поляна” шуд. Роман-устураи “Афъимори марҷонӣ”-ро “Беҳтарин китоби соли 2005” эътироф карданд ва соли 2011 достони “Як рӯзи бачагии Муҳаммад Пайғамбар” дар озмуни “Салавот бар Муҳаммад” ҷои аввалро гирифт. Ҳамчунин, ӯ барои асарҳои ҷудогонааш ҷоизаҳои махсуси ба номи Л.Толстой, Бунин ва «Делвиги тиллоӣ»-ро соҳиб гардидааст.

Роман — устураи «Афъимори марҷонӣ»-и нависанда, дар адабиёти рус як таҳаввулоти ҷиддӣ будааст, ки муҳаққиқону адибон онро дар баробари «Дони ором»-и М.Шолохов ва «Устод ва Маргарита»-и М.Булгаков гузоштаанд.

Темур Зулфиқоров ду маротиба ба гирифтани ҷоизаи Нобел пешниҳод гардидааст.

Адиб, имрӯзҳо 80 – солагии худро дар зери чинорҳои Зимчуруди дараи Варзоб пешвоз мегирад ва силсилаи «Андешаҳо зери чинорҳои ҳазорсолаи Зимчуруд»-ро менависад. 

Сарпӯши сирпӯши зани Рус

  …Пардаи туман  роҳро пинҳон кард ва чанде баъд боз пароканда гашт… Ман дидам – сари роҳ, назди деҳоти харобгашта, занонеро , ки бар сарҳо рӯймоли қадимии Павловопасад доштанду карахт меистодаанд, мисли «матрёшкаҳо»-и азими русӣ!..

Аммо зинда буданд инҳо… модарони мо,  духтарону  хоҳарони мо…

Ман пешакӣ чӣ маъно доштани намоиши ин рӯймолҳои товуснаморо дар ҳар — ҷо ҳар ҷои роҳ медонистам…

Як навъ себи русӣ ҳаст: номаш «себи думанаи антоновӣ» — як  меваи дерпази ҳаҷман калони шакарину асалин. Ин гуна себҳоро нимхом чида, дар қуттиҳо даруни коҳ бо назокат мегузоранд, то  онҳо ба ҳадди зарурӣ пазанду расанд, то зимистон  серобу сершира гарданд. Дарвоқеъ, хушмаззатар аз ин себҳои сарди шакартаъм ва фаровоншарбат чизе дар олам нест.

Занҳою духтарони деҳоти Рус, хусусан дар фасли зимистон чунин гулгуну лоласон себанд, себ барин зебо…

Князҳои рус дар вақташ чунин нозанинҳои себсиморо ҷон дода, аз тоторҳои сершаҳват мераҳониданд…

Чунин шуд, ки князҳоро нобуд сохтанд…

Занҳо ёди князҳои мурдаро – ҳомиёни хешро фаромӯш карданду худро ба роҳи фисқу фуҷур заданд…

Зани Рус аз дасти шавҳарҳои майхора, қашшоқию фарзандони гурусна ва бенавоӣ худро ба гузаргоҳ зада, сарпӯши сирпӯши товуснамои хешро, ки ҳазору як асрор дорад ва дар зарфи ҳазорон соли муқаддаси проваславӣ ҳеҷ кас ба ҷуз шавҳари никоҳӣ онро аз сар намегирад, боз сохт.

Инак, охирин сарвати Озодагиву Зебоии рус, зебоии аз назар пинҳон —  мисли нуқраоби чашмасорон… вопасин истеҳкоми русӣ сар-сари ҷодаҳои вайрону шамолгард ба савдо меравад…

Ман ҳамеша чунин андеша доштам, ки занону духтарҳои фоҳишаро ҷазои сахту сангин мебояд: ё қамчинкорӣ ва  ё  маҳбас…

  Инчунин, бар онам: онҳоеро низ бояд сахт ҷазо дод, ки ин зебоиро пул дода мехаранд ва поймол мегардонанд…

Зеро ки Наҷотбахш фармуда: «Бадбахт онҳое ҳастанд, ки ба худ шаҳватпарастӣ меоранд»…

Ва Пири хирад низ гуфта: «Ҳар ки бо фоҳиша хуфту хуб дорад, ба он монанд ки бо мурда хуфту хоб дорад…»

Ишқ

… Ишқ – моҳиест дар ҷӯши маҷрои дарёи бекарона…

***

…Ишқ – шароб барои ҳушёрону тилло барои гадоён аст…

***

Аз Дарвеш пурсиданд:

— Ишқ чист?…

— Ишқ – моҳиест, ки дар аъмоқи пурасрору беинтиҳои уқёнус шино мекунад…  — ҷавоб дод ӯ…

— Шаҳват чӣ?

— Ҳамон моҳист, аммо дар равғани ҷӯшону сӯзони болои тоба ҷунбандаву рақсон…

Шабу рӯз

Пири хирад Ҳоҷӣ Зулфиқор мегӯяд: «Худо шабро барои чӣ офарид?.. Барои то субҳ ишқ варзидан! Худо рӯзро барои чӣ офарид? Барои баровардани кӯфти шаби ишқварзӣ, хуфтану ғун кардани шираву шарбат ва низ қуввати камар барои шаби навбатии ишқварзӣ…

Ана бо кадом сабаб мардони бузург рухи офтобро ҳаргиз намедидаанд, балки фақат ба моҳ чашм медӯхтаанд!».

 Тоҷику Рус

Тоҷикону русҳо – одамони як нажоди ҳиндуаврупоианд…

Тоҷикону русҳо ба ҳам бисёр монанданд. Таърихан сода накукор, хоксор меҳнатдӯст меҳмоннавоз …

Хирадманде ин халқҳоро «халқҳои найистони зарандуд» номида буд…

Чунин шуд, ки шайтонбачаҳои демократ нахустин тарошаҳои нимсӯхти ҷанги шаҳрвандиро ба ҳамин найистон партофтанд… Найистон ҳам ботавозӯъ, кӯркӯрона, мастона бо шавқу завқ оташ гирифта аланга зад…

Урра!.. зинда бод озодӣ!.. Истиқлол!.. Нест бод СССР!..

Забони иблис ва Худо

Сӯфӣ Ҳоҷӣ Зулфиқор мегӯяд: «Худо як забон донад, Иблис садҳо забони дигарро.

Забони муҳаббат якест… Забони адоват беҳисоб».

Шоир

Аз Хоҷа Насриддин — дарвеши ҳазорсола пурсиданд:

-Шоирон кистанд?

— Одамоне, ки дар соҳили уқёнус бошанд ҳам, болида аз хешанд, бо шавқи беандоза дар кӯлмаки аз шошаи худ ба вуҷудовардаашон ба сайругашт мебароянд.

***

Хоҷа Насриддин харсавор дараи афсонавии Фон Яғнобро гузар мекард, ки чашмаш ба Шоир Z афтод, ки машғули кор буд.

— Ай шоир, ту чӣ меофарӣ? – пурсид он пири хирад.

— Ман назми озодатаринро!.. Бойтаринро!.. Аз ангубин гуворою рангинтар аз товусро, ки дар кишвари рус то ҳол назир надошт, меофарам… Аз ин рӯ, на хона дорам, на шӯҳрат, на пул ва на дӯстони вафодор. Ҳатто барои зимистон мӯза надорам…

— Вале ту хушбахтӣ, товуси танҳои пойлуч дар кишвари хурӯсҳои яхбастаӣ…

— Оре!

Муҳаммад (с)

Пири хиради оламгир Хоҷа Насриддин савори маркаби бемаргаш, шабона дар хиёбонҳои чароғони  Ар-Риёз  ва Маккаи Мунаввара сайругашт карда гуфт:

— Чӣ зебоянд шабҳои Ар-Риёз, Макка ва дигар шаҳрҳои рӯйи замин… чӣ зебост чароғҳои фурӯзон…   Аммо арзиши тамоми чароғҳои олам ба қимати гулхани хурдакаки чӯпонӣ, ки Пайғамбар Муҳаммад дар он дастони сармохӯрдаашро гарм карда буд, баробар намешавад. Чароғҳои ҳамаи шаҳрҳои рӯйи замин гармӣ намедиҳанд, вале фавҷи гармои гулхани ҳамеша фурӯзони Пайғамбар ҷовидонист.

Он пири хирад боз гуфта буд:

— Паёмбар Муҳаммад охирин паёмбари рӯйи замин буд, баъд аз авлиёҳо Мӯсо ва Исо. Аён аст, ки падар писари хурдии хешро нисбат ба дигар писарҳо бештар дӯст медорад. Аз ин рӯ, Пайғамбар Муҳаммад азизатарин фарзанди Парвардигор аст. Бигзор ӯ мудом дар паноҳи Аллоҳ бошад.

Ва он пири хирад боз мегӯяд:

— Салибе ки бар он Паёмбар Исоро дор кашида буданд, шамшерест нӯгаш халида ба Голгоф… Паёмбар Муҳаммад ин шамшерро аз синаи гарми Голгоф берун кашид, то ки иблисҳоро бо он ҷазо диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *