С.Қодирзода: Нархи баровардани партов танҳо дар И.Сомонӣ зиёд шудааст

Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба муроҷиати сокинони пойтахт оид ба воқеияти болоравии нархномаи ҳаққи хизматрасонии баровардани партовҳои сахти маишӣ дар соли 2016 дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе,  ба сомонаи “Tajikistantimes», ки он марбут ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аст, чунин посух дод:

-Соли ҷорӣ дар нархномаҳои хизматрасониҳои баровардани партовҳои сахти маишӣ тағйирот ба амал наомадааст. Тағйирот дар нархномаҳои зикргардида соли 2014 ва қисман соли 2015 ворид карда шуда буд.

Тибқи қарорҳои дахлдори раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва И. Сомонии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нархномаҳои ҳаққи пардохти хизматрасонии баровардани партовҳои сахти маишӣ аз моҳи апрели соли 2014 барои як истиқоматкунанда дар як моҳ дар хонаҳои ободи бо қубури ахлотпарто муҷаҳҳаз (9-16 ошёна) ба андозаи 2 сомониву 40 дирам,  дар хонаҳои бе қубури ахлотпарто — 2 сомонӣ, дар ҳавлиҳои шахсӣ – 2 сомониву 90 дирам ва дар хонаҳои нообод – 2 сомониву 70 дирам муқаррар гардидааст. Нархномаи мазкур фақат дар ноҳияи И.Сомонӣ аз моҳи декабри соли 2015 барои ҳавлиҳои шахсӣ аз 2 сомониву 90 дирам  то ба 3 сомонӣ яъне, ба андозаи 10 дирам баланд шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *