Дар Қазоқистон сӯхтори ҷангал идома дорад (видео)

Дар вилояти Абайи Қазоқистон чанд рӯз боз сӯхтори ҷангал идома дорад, ки дар таърихи ин кишвар яке аз бузургтаринҳо ҳисоб меёбад. Бар асари сӯхтор дастикам 14 нафар ба ҳалокат расидаанд. Вазъиятро ВҲФ-и Қазоқистон хабар медиҳад.

Бино ба итилои манбаъ, сӯхтор рӯзи 8-уми июн дар мамнуъгоҳи «Семей ормани» дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Батпаев оғоз шуд. Дар аввал майдони сӯхтор ҳудуди 100 гектарро ташкил медод, вале то шоми 9-уми июн он ба 30 ҳазор гектар расидааст.

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар, то рӯзи 12-уми июн алангаи оташ 60 ҳазор гектарро фаро гирифтааст, ки 43 ҳазор гектари он идома дорад. Барои рафъи сӯхтор ҳудуди 1500 нафар ва беш аз 300 техника ҷалб шудааст. Дар маҷмуъ, аз оғози хомӯш кардани сӯхтор ба рӯи сӯхтор зиёда аз 3000 тонна об рехта шудааст. Наҷотдиҳандагон интизор доранд, ки дар рӯзҳои наздик майдони сӯхторро маҳдуд мекунанд.

Хабар дода мешавад, ки сӯхтор 14 коргари ҷангалро ба ҳалокат расонидааст. 12-уми июн дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Мақомот бар ин назаранд, ки сабаби эҳтимолии сӯхтор раъду барқ ​​будааст.

Ба гуфтаи намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, хомӯш кардани сӯхтор ба сабаби ҳарорати баланди ҳаво, майдони бузурги аланга ва вазиши шадиди шамол мушкил шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *