Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Алмаато доир шуд

Хадамоти матбуоти ВКХ Тоҷикистон бо истинод ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато хабар медиҳад, ки бо ташаббуси ҳамин консулгарӣ дар шаҳри мазкур мусобиқа оид ба гӯштини тоҷикӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа дар толори варзишии Маркази саломатии “Al-Farabi”-и шаҳри Алмаато ба ифтихори 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардидааст.

Ҳамчунин, ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва сертификатҳо, ҷоизаҳои пулӣ барои ҷойҳои якум, дувум ва сеюм бо маблағи 100 000, 50 000, 30 000 тенге мукофотонида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *