Оқилбек Ҷабборов: Масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд

Ахиран раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов изҳор дошт, ки мушкилоти марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд.

Номбурда инро рӯзи 13-уми июн дар ҷаласаи Шӯрои амният изҳор дошта, гуфт, ки «мо бовар дорем, масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон низ ҳал хоҳад шуд».

Ҳамчунин ӯ гуфт, ки ҳалли мусолиматомези марзи Қирғизистону Ӯзбекистон то абад дар таърих боқӣ хоҳад монд.

Ӯ барои ин ба президент Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев изҳори сипос кард.

Ёдовар мешавем, ки 5 — 11-уми июн дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *