Дар Қазоқистон вазифаҳои ҳукумати навро эълон карданд

Нахуствазири Қазоқистон Алихон Смаилов дар ҷаласаи нахустини кобинаи нав вазифаҳои ҳукумати навро эълон кард. Дар ин бора РИА “Новости” хабар медиҳад.

Смаилов гуфт, ки ҳукумати нав бояд барои иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи президенти кишвар дар мавриди баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, муқовимат бо пандемия, баргардонидани хисороти азиме, ки террористон расониданд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад ва мамлакатро аз буҳрон барорад.

Роҳбари нави кобинаи вазирон эътироф кард, ки ин вазифаҳо хеле душвор ва миқёсан бузурганд. «Аз кори мо натиҷаҳои воқеии назаррасро интизоранд”,- гуфт ӯ.

Қаблан Смайлов дар як суҳбати телефонӣ бо раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин аз вазъи шарикии стратегӣ бо Маскав хабар дод. «Ҳукумати Қазоқистон ба таҳкими шарикии стратегии худ бо Федератсияи Русия содиқ мемонад»,- зикр намуд ӯ.

Рӯзи 5-уми январ дар пайи эътирозҳои густарда президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳукуматро ба истеъфо фиристод. Муовини якуми сарвазир Смайлов иҷрокунандаи вазифаи муваққатии сарвазир шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *