SOS: Куҳро метарконанд, кӯдаконро метарсонанд! (аудио)

Сокинони деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ бо сомонаи Pressa.tj иртибот гирифта, шикоят доранд, ки кормандони корхонаи сементбарорӣ бидуни огоҳӣ куҳро метарконанду ба хонаҳояшон осеб мерасонанд.

Дар ин росто, онҳо ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода муроҷиат доранд, то барои ҳалли мушкилоти мардуми ин деҳаи дурдасттарини ноҳия расидагӣ намояд.

“Муҳтарам раиси ноҳия Аъзам Ализода! Хоҳиш менамоем, ки ин шикояти мардуми деҳаро ба инобат гиред. Тӯли солҳост, ки кормандони “Сементзавод” ин корро такрор карда истодаанд. Бе огоҳӣ кормандон куҳро метарконанд ва ба хонаҳои мо осеб мерасонанд. Кӯдакону наврасони деҳа ҳам аз ин дар ҳарос мондаанд”,-мегӯяд дар номаи худ сокини ноҳия, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард.

Дар идома ӯ меафзояд: “Ба маълумоти шумо мерасонем, ки солҳои пеш ҳам ин ҳодиса рух дода буд. Ду сокини ҳамин деҳаро кормандони корхонаи сементбарорӣ, ки шаҳрвандони Хитой буданд, мавриди латукӯб қарор доданд. Ҳоло онҳо дар ҳабсхонаанд”.

Гуфта мешавад, ки маҳсулоти хом аз деҳаи Азизобод ба корхонаи “Суғдсемент” барои коркард интиқол дода мешавад.

Сомонаи Pressa.tj ин номаро нашр карда, мунтазири посухи масъулини мақомоти дахлдори ноҳияи Мастчоҳ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *