Дар Ҳиндустон 13 нафар аз шиддати гармо ҳалок шуданд

— Дар иёлати Маҳараштраи Ҳиндустон воқеъ дар ғарби ин кишвар ҳангоми маросими супурдани ҷоизаҳо, ки аз ҷониби ҳукумат ташкил шуда буд, бар асари гармо 13 нафар ҳалок шуданд,- хабар медиҳад NDTV.

Тибқи иттилои манбаъ, маросими ҷоизасупорӣ дар майдони васеи шаҳри Нави Мумбай баргузор шуд ва дар он садҳо ҳазор нафар ширкат доштанд, ки аксарияти онҳо пайравони ходими иҷтимоӣ Аппасаҳеб Дҳармадҳикари, ки мукофоти олии шаҳрванди Маҳараштраро гирифт, буданд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса дирӯз дар ҳарорати +38 дараҷа ҳудуди панҷ соат идома ёфтааст.

Ба гуфтаи табибон, одамон аз зарбаи офтоб ва беобӣ азият мекашиданд. Дар ин ҳодиса 13 нафар кушта ва ҳудуди 50 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Ҳоло мақомоти интизомӣ таҳқиқ мекунанд, ки ҷоиза чӣ гуна ташкил шудааст. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, соябон танҳо барои мансабдорон ва шахсони VIP дода шуда, мардуми оддӣ, ки ба ин маросим омада буданд, зери офтоби сӯзон нишаста буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *