Расман: Рӯзи Иди Рамазон дақиқ шуд

18-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор гардид.

Дар оғоз раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯроро ба муносибати фарорасии Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт.

Сипас, раиси Шӯрои уламо қайд кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 21-уми апрел рост меояд.

Ичунин, тибқи қарори Шӯрои уламо вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6:30 дақиқа муайян карда шудааст.

Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *