Раҷаббой Аҳмадзода Оқил Оқиловро аёдат кард

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар шаҳри Бӯстон аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Ҳангоми аёдат бо собиқадорони хизмати давлатӣ ва маорифу тандурустӣ — сарвазири собиқи Тоҷикистон Оқил Оқилов, собиқадори соҳаи маориф Светлана Добросмислова ва собиқадори соҳаи тандурустӣ Сафия Саидова таъкид шудааст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту зиндагии собиқадорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки аёдатшудагон солҳои зиёд дар вазифаи гуногун кор карда, саҳми худро дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон гузоштаанд.

Ба номбурдагон аз ҷониби раиси вилоят кумакҳои моддӣ расонида шуда, бонувони барӯманд барои дастгириҳои доимӣ изҳори сипос намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *