Даргирҳо дар Фаронса авҷ гирифтанд (видео)

Шаби гузашта дар саросари Фаронса алайҳи Макрон 280 тазоҳурот баргузор шуд. Дар ин бора Агентии иттилоотии Sun хабар медиҳад.

Тибқи гузориши расонаҳо, ин эътирозот пас аз суханронии Макрон, ки мехост дар тирамоҳи соли ҷорӣ ислоҳоти нафақа дар Фаронсаро роҳандозӣ кунад, оғоз шуд.

Гузоришҳо мегӯянд, ки эътирозгарон низ дар шаҳри Страсбург (шарқи Фаронса) барои тазоҳурот ҷамъ омаданд ва дар Лион даромадгоҳи идораи полис оташ зада шуда, дастикам 11 нафар боздошт шудаанд.

Одамон ниқоб мепӯшиданд, то аз ҷониби неруҳои амниятӣ шинохта нашаванд, дар кӯчаҳои Фаронса дар атрофи оташҳои даргирондаашон шиорҳо доданд. Онҳо дар шиорҳои худ фарёд мезаданд, ки «Макрон як лӯхтаки Си Ҷинпин (раиси Чин) аст ва дигар раҳбари ҷаҳони озод нест», «Макрон моро гӯш намекунад? Мо ба ӯ гӯш намедиҳем!».

Дар ҳамин ҳол, Эммануэл Макрон ба сарвазираш 100 рӯз муҳлат дод, то ки дар ин кишвар сулҳро барқарор кунад, зеро хушунатҳо ва эътирозҳо ҳамарӯза доман паҳн карда, тамоми минтақаҳои Фаронсаро фаро гирифтааст.

Мардуми Фаронса якдилона аз Макрон талаб карданд, ки истеъфо диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *