Хорхе Масвидал

Хорхе Масвидал ба корномааш нуқта гузошт

Дар доираи мусобиқаи UFC 287 Хорхе Масвидал дар дуюмин муҳорибаи асосӣ бо Гилберт Бернс ба майдон баромад ва шикаст хӯрд.

Пас аз мағлубият Хорхе Масвидал вақти сухани охирин эълон кард, ки ба корномаи варзишиаш нуқта мегузорад.

— Ман 20 сол ҷангидам, фикр мекунам кифоя аст. 20 сол пеш ҳеҷ чиз надоштам, вале ҳоло миллионерам. Раҳмат ба ташкилоти UFC, ман ин ҷо ба корномаи касбиам нуқта мемонам,- гуфт Масвидал. Варзишгар дар корномаи касбии худ 52 маротиба ба майдон баромада, дар 37-тояш пирӯзу дар 15-тояш ноком гаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *