Дар Ҳиндустон синни издивоҷи занонро боло бурданиянд

Девони вазирони Ҳиндустон пешниҳоди баланд бардоштани синни ақди никоҳи занонро маъқул донистааст. Дар ин бора нашрияи The Hindu бо истинод ба суханони раиси собиқи ҳизби «Самата», раҳбари гурӯҳи кории чаҳорнафараи лоиҳаро омодакарда Ҷай Ҷайтли хабар додааст.

Ҳукумат қарор додааст, ки синни ақди никоҳ барои занон бо синни мардон баробар карда ва аз 18 ба 21-сола боло бурда шавад. Дар иҷлосияи навбатии зимистона лоиҳаи ислоҳот ба «Қонун дар бораи манъи издивоҷи бармаҳал аз соли 2006» ба парлумон пешниҳод мешавад.

Ҷайтли сабабҳои таҳияи ислоҳотро шарҳ додааст. Ба гуфтаи ӯ, издивоҷи духтарон дар синни 18-солагӣ онҳоро аз имкони таҳсил дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо маҳрум мекунад, дар ҳоле ки мардон барои омодагӣ ба камолот ва ба даст овардани даромад фурсат доранд. “Мо бояд ба онҳо (духтарон) имконият диҳем, ки пул кор кунанд ва бо мардон баробар шаванд. Ӯ дар синни 18-солагӣ баробар шуда наметавонад, вақте ки мард 21 сол дорад”,- гуфтааст роҳбари ин гурӯҳи мақсаднок.

Бино ба гузориши расонаҳо, бисёре аз вазоратҳои Ҳиндустон аз ин пешниҳод пуштибонӣ карда, гуфтаанд, ки занҳо дар давраи ҳомиладории нахустини худ бояд на камтар аз 21 сол дошта бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *