Мастчоҳ: 30 ҳолати фавқулодда беш аз 46 миллион сомонӣ зарар овардааст

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ аз фаъолияти комиссияи ҳудудии ноҳия дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, раиси комиссия Аъзам Ализода, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, полковник Ширин Собирзода, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, майор Ҷамшед Кучаков, муовинони раиси ноҳия ва сардорони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иштирок кардаанд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи сардори бахши ноҳиявии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба фаъолияти комиссия дар соли 2021 шунида шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 30 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуда, аз инҳо 16 ҳолати сӯхтор, 9 садамаи роҳу нақлиёт, 2 ҳолати табиӣ — шамолҳои сахт  ва 3 ҳолат ғарқшавӣ буда, дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҳодисаҳои фавқулодда дар ин давра 9 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Хисороти моддии ҳодисаҳои фавқулодда 46 млн 250 ҳазору 800 сомониро ташкил додааст.

Оид ба рафти соҳилмустаҳкамкунӣ сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ Искандар Азизов маълумот додааст.

— Дар ҷаласаи мазкур раиси комиссия, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба масъулин барои  фаъолияти пурсамар ва ноил шудан ба натиҷаҳои назарраси корӣ супоришҳои мушаххас дода, барои ҷоннок намудани фаъолияти комиссия дар соли 2022 вазифагузорӣ кард,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *