Дар Ӯзбекистон аз 1-уми июн музди меҳнат зиёд мешавад
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санади дахлдорро барои боло бурдани маош имзо кард.
Тибқи ин санад, аз 1-уми июни соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ҳадди ақали музди меҳнати кормандони муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳисоби миёна 12 фоиз зиёд карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 17-уми августи соли 2021 Президенти Ӯзбекистон фармонро дар бораи зиёд кардани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо ба имзо расонд.
Ҳамчунин, аз 1-уми майи соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ҳаҷми нафақа ва баъзе кумакпулиҳо ба ҳисоби миёна 12% зиёд карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ