Баргузории Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд 2022” дар Хатлон

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар фуд 2022” доир гардид.

Баргузории форуми мазкур ба хотири муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, рушд додани истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, боло бурдани сифати маҳсулоти ватанӣ ба хотири рақобатпазирӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва бештар шудани муносибатҳои тиҷоратӣ аст.

Дар форуми байналмилалии содиротии “Бохтар фуд 2022” як қатор масъулони идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, намояндагони коргоҳу корхонаҳои дохиливу хориҷӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва намояндагони шарикони рушд иштирок доштанд.

Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои расида, дар ин рӯз ба хотири бештар кардани содироти маҳсулоти ватанӣ ба имзорасонии созишномаҳо бо 19 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.