Дар ҳафтаномаи «Оила» мутолиа намоед:
Бобои Амон қасди худкушӣ дорад?
-Ман як мӯйсафеди 74 сола дар пирӣ хору зор шудам. Панҷ духтару се писар дорам, вале фарзандонам падарашонро фаромӯш кардаанд. Ягон бор аз дарам намедароянд. Чанде пеш сактаи қалбро аз сар гузаронидам. Фишори хунам тез-тез баланд мешавад. Касе ба мани пиру бемор ёрдам намекунад. Нони хӯрдан надорам. Худамро мекушам……
(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)
Мастчоҳ: Мирзораҷаб занашро бо табар зада кушт
Дарвоза кушоду буд, вале модарам дар рӯи ҳавлӣ наменамуданд. Пешомади ногувореро ҳис карда, ду-се бор оча, оча гуфтам, аммо аз ягон гӯша овози модарам набаромад. Қатраҳои хунро дида гумон кардам, ки ба говамон чизе шудаасту падарам саросема ба сари қассоб рафт, вале дар ошхона дарёи хунро дида сарам чарх зад. Остонаи дар ва рӯи замин лола барин суп-сурху модарам рӯ ба замин хоб буд. Бо дидани ин манзараи ваҳшатангез ба даҳшат афтида, бо тамоми овоз “оча!” гуфта, фиғон кашидам, баъд сари модарамро аз замин бардоштам. Устухони пешониаш шикастагӣ, сараш лахту пора, рӯяш ғарқи хун ва чунон даҳшатнок буд, ки шинохта намешуд….
(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)
Ғарӣ накарда, ВИЧ-СПИД шудам
Бо шунидани ин хабари шум гӯё осмон якбора ба сарам чаппа шуд. Ҳеҷ ба ақлам рост намеомад, ки ман ба вабои асри нав, ба бемории ВИЧ-СПИД гирифтор шудаам. Чаро? Барои чӣ? Саволҳои беохир дар сарам печида, майнаамро чунон гиҷ карданд, ки дигар заминро дар зери поям ҳис намекардам. Аз назди сардухтур чӣ хел баромадам, намедонам. Зиндагӣ акнун барои ман маъниашро гум карда буд. Маргро аз чунин ҳаёти бемаънӣ авлотар дониста, мехостам худро ба дарёи Душанбе партоям…
(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)
Каждумкелин
Қиссаи падари писаркуш, тифли дуздидашуда, тӯйи бе доира ва сарсониҳои модари зор
Падари фарзандкуш чӣ кор карданашро надониста, мӯйҳои сарашро қабза-қабза меканд ва бо тамоми овоз дод мегуфт.
Ҳамин лаҳза Мавзуна бо сатилҳои пуроб аз дарвоза даромад ва бо дидани ин манзараи даҳшатангез ҳуш аз сараш парид. Вай осемасар сатилҳоро партофта ба сӯйи шавҳари гирёнаш давид ва бо гумони он ки шояд кӯдаконро шайтонламиш гирифта бошад, Ҳасанро аз бағали Маҳмуд кашида гирифт. Лабу даҳони кӯдак пур аз хун буд…
(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)
“Шантаж” барои акси урён
Равшани беномус навиштааст, ки агар бо ӯ ишқварзӣ накунам, аксҳои урёни маро дар интернет паҳн карда, шармандаам месозад. Занг зада зорию тавалло намудам, ки аксҳоро тоза кунад, вале ду пояшро дар як мӯза андохта, мегӯяд, агар ба оғӯшам даромада, вақти маро хуш насозӣ, аксҳоятро дар ҳама ҷо паҳн мекунам. Аз тарс на шаб хоб дораму на рӯз орому қарор, Худо накарда, падару бародаронам он аксҳоро бубинанд……
(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)
Зан +муҳоҷират=?
Шумо гумон мекунед, ки занҳои тоҷик аз сари шавқу ҳавас ё ба хотири дунёро дидан хонаву дарашонро партофта, ба муҳоҷират мераванд? Шахсан маро бахти сиёҳам дар зиндагӣ овораю сарсон намуда, ба Русия овард. Бо сад орзую ҳавас ба шавҳар баромадам, вале ҳамсарам нохалаф баромад. Вай маро ҳатто ба акаю додари худаш рашк карда, чунон мезад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намемонд. Дар муддати се моҳ тамоми аъзои баданам аз зарби мушту лагад сиёҳу кабуд ва маъюб шуда, ягон ҷойи ободам намонд…..
(Давомаш дар ҳафтаномаи “Оила”)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ