“Зелло” сарчашмаи бадбахтиҳо

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як филми кӯтоҳмуддати мустанад, ки шаби гузашта ва субҳи 22-юми май тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, шабакаи интернетии «Зелло»-ро аз паёмрасонҳое ном бурд, ки шаҳрвандони кишвар тавассути он ба гурӯҳҳои «террористиву экстремистӣ» шомил мешаванд.

Дар ин мустанади тақрибан 10-дақиқаӣ аз ҷумла гуфта шуд, ки «тақрибан 80 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути радиои «Зелло» ва шабакаҳои интернетӣ, ба сафи созмонҳое мамнӯи ҲНИТ, «Давлати исломӣ» ва «Гурӯҳи 24″ шомил шудаанд». Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин гузориш худ «Зелло»-ро яке аз паёмрасонҳои «бадбахтиву касофат» ном бурдааст, ки мубаллиғони созмонҳои терористиву экстремистӣ онро ҳамчун воситаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мекунанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо пахши ин гузориш аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон тавассути шабакаҳое мисли «Зелло» ба мақомот кӯмак карда, аз ин раванд худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *