Муҳаммадиев аз “Истиқлол”  рафт

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими футболи «Истиқлоли»-и Душанбе истеъфо дод.Хадамоти матбуотии тими футболи «Истиқлол» нимаи дуввуми рӯзи 22-уми май навишт, ки Муҳсин Муҳаммадиев қабл аз оғози тамрини бегоҳӣ истеъфои худро эълон кард.«Раҳбарияти тим дархости Муҳаммадиевро қонеъ карда, ӯро аз иҷрои вазифаи мураббӣ озод кард»,- гуфта мешавад, дар изҳороти тими «Истиқлол».Маъмурияти тими «Истиқлол» эълон кард, ки айни замон Алишер Тухтаев иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ таъин шудааст. Муҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 вазифаи сармураббии тими «Истиқлол»-ро иҷро мекард.Таҳти сарварии Муҳаммадиев тими «Истиқлол»-и Душанбе «Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон», «Суперҷоми ҷумҳурӣ» ва ду дафъа «Ҷоми Федератсияи футбол»-и Тоҷикистонро ба даст оварда ба финали ҷоми «АФК-2017» роҳ ёфт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *