Дар Қалъаи Ҳисор падари 3 фарзанд худкушӣ кард

 

Занҳо бо як овоз мегуфтанд, ки раҳматӣ ду зан доштааст ва аз ҷак-ҷаки занҳояш ҷонбезор шуда, худкушӣ кардааст, вале ронанда сар ҷунбонда мегуфт: “Барои чӣ дар бораи одаме, ки намешиносед, чунин гапҳои дурӯғ зада, арвоҳашро нотинҷ мекунед.

Исломро ман аз ҳамаи шумо беҳтар медонам, чунки ҳар рӯз ҳамроҳаш будам, на дузана буд, на духтарбоз. Вай одам не, тилло буд, вале Худованд чунин марги фоҷиавиро дар насибу тақдираш навишта будааст. Аз ронанда пурсидам, ки бори охир кай бо Ислом вохӯрда буд. Ҷавон оҳи сард кашида гуфт:

-Як рӯз пеш аз маргаш дар назди хонааш ӯро дида будам. Хурсанд буд. Гуфт, ки касе ба молбозори Шарора рафтанӣ бошад, тайёр шавад, пагоҳ саҳар вай бо мошинаш ҳамаро ба бозор бурда мемонад….

(Идомааш дар шумораи №30-и ҳафтаномаи “Оила)

              Хусур келинро дор кашид

Маҳмадуллои беимон аввал сари Ҳалимаи бечораро сахт-сахт ба девор зада, ӯро нимколакуш кард, баъд кашолакунон ба оғилхона бурд ва ресмони говбандиро ба гарданаш андохт. Ҳалима монанди заргӯшаки ба чанголи гурги гурусна афтида, аз тарсу ҳарос дир-дир ларзида ба зориву таввало даромад, ки ӯро сар диҳанд, худи ҳозир рафта аз хонаи падараш хӯрокворӣ ва пул мебиёрад, аммо бангии аз қаҳру ғазаб девонашуда ба рӯйи арӯсак чанд шаппотии обдор зада, ӯро тамоман аз по афтонд ва бандро ба шифти оғилхона баста кашид. Хайрият, ки доду фиғони ҷонхароши Ҳалимаро шунида, хушдоманаш ба имдод шитофт, агар вай панҷ дақиқа дер мекард, арӯсаки бечора дар ҳалқаи дор ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин месупорид..

(Идомааш дар шумораи №30-и ҳафтаномаи “Оила)

 Писарам аз марди ҳамсоя нест, вале….

Гумон доштам, ки баъди бачадор шудан ҳуши шавҳарам ба сараш зада, дигар бо балвои моиндараш маро ранҷу азоб намедиҳад, вале хаёлам хом баромад. Хушдомани худобехабарам дар набуданам маро туҳмат карда гуфтааст, ки занат бо ҳамсоя мегардад, ин бача аз ту не, аз ҳамон мардаки ҳамсоя аст. Шавҳарам ин гапро шунида девона шуд. Қариб буд, ки барои як гапи дурӯғ сарамро аз танам ҷудо кунад.

Хуллас, корамон ба суду милисаю прокурор расид. Барои исботи он ки кӯдак аз шавҳарам аст ё ҳамсоя ташхис гузаронданд. Аз ҳамсоя набудани писарашро аниқ карда, шавҳарам зоҳиран камтар ором шуд, вале моиндари маккорааш ҳеҷ моро ором зистан намемонд. Вай ҳар рӯз ягон туҳмати навро ба пойи ман мебаст, аммо….

(Идомааш дар шумораи №30-и ҳафтаномаи “Оила) 

Келини эшон дар болои шавҳараш шавҳар кард

Қиссаи як зани шайтонсирату зинокор, ки гуноҳҳояшро бо  сатр ва қуръонхонӣ мепӯшонд

Зани қуръонхон ва бибиотунам дар оғӯши писари холаам луб- лучи модарзод хоб буд ва он ду беҳаё чунон бо шӯру шавқу ҳавас аз ҳамдигар коми дил меситониданд, ки ҳатто ба хона даромадани маро нафаҳмиданд. Дар сари қаҳру ғазаб он ду мори печонро мурданивор лагадкӯб кардам ва телевизорро ба сари ҳардуяшон чаппа кардам. Писархолаи кӯрнамакам як илоҷ карда ҷонашро аз чанги ман раҳо кард ва бо даҳону бинии пур аз хун чанг зада, шимашро аз замин бардошту ҳамон хел луб-луч ҷонҳавл худашро ба берун зад, зани тардоману фоҳишаам бошад, чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист. Аз мӯйҳояш кашолакунон бибиотуни зинокорро аз хонаи хоб ба ошхона баровардам. Аз тарси он ки ҳозир кордро гирифта ӯро мекушам, занам дастамро газид ва чун раҳояш кардам, ба балкон баромада худашро аз ошёнаи сеюм ба замин ҳаво дод…

(Идомааш дар шумораи №30-и ҳафтаномаи “Оила)

Ишқи хунини духтари зинокор

-Ту чӣ ном дорию аз куҷо ҳастӣ?

-Фарҳод ном дорам. Дар маҳаллаи Гулистон зиндагӣ мекунам,-сарашро набардошта ҷавоб дод ҷавон.

-Падару модар дорӣ?-Боз пурсид Ислом.

-Дорам. Падарам соҳиби як корхонаи калон аст, модарам ҳам кор мекунад.

-Ин тавр, ки бошад, бодиққат ба гапам гӯш кун, бача! Ҳозир ман метавонистам ҳардуи шуморо зада кушам, вале ин корро накардам, чунки ошиқонро ҷудо кардан убол аст. Ба падару модарат бигӯ, ки пагоҳ ба хостгорӣ биёянд, ман духтарамро бо як коса об никоҳ карда ба ту медиҳам,-гуфт Ислом.

-Ман аллакай зану бача дорам, духтари шуморо ба сарам мезанам,-писханд зад ҷавон.

-Зану фарзанд, ки дошта бошӣ, номаъқул карда бо духтари ман ….,-Ислом аз шарм давоми гапашро фурӯ бурд…

-Сарпӯши дег маҳкам бошад, ҳеҷ гоҳ ба дарунаш пашша намезанад. Кадом мард не мегӯяд, вақте ки духтар худаш ба оғӯши ӯ медарояд,-писханд зад ҷавон.

-Гапатро хоида –хоида зан, набошад ҳозир…

(Идомааш дар шумораи №30-и ҳафтанеомаи “Оила)

                     Ҷулия Ванг аз ҷин таваллуд шудааст?

Аҳли оила хуб медонистанд, ки Ҷулия дар вуҷудаш қувваи ноаёне дорад, чунки духтарак ултрасадоро мешунид ва чӣ тавр аз ноқил ба ноқил гузаштани ҷараёни барқро дида, бо нигоҳаш онро қатъ карда метавонист. Вақте ки Ҷулия ба хона медаромад, телевизор худ аз худ хомӯш мешуд, тафтон, яхдон ва дигар асбобҳои барқӣ бошанд, якбора аз кор мебаромаданд. Ҷулия қобилиятҳои нодир доштанашро медонист ва баъзан қасдан одамонро бозӣ доронда, ба ҳолашон механдид. Ҳангоми дар деҳаи ҳарбиён зистанашон, ҳамин ки бекор монд, ба канори роҳ баромада меистод ва фикран ба ҳарбиён «фармон» дода, чашм ба саҳни бинои қисми ҳарбӣ медӯхт. Афсарон бо командаи ӯ рақс мекарданд, мепариданд, суруд мехонданд. Духтарак то аз чашмонаш об баромадан ба ҳоли онҳо хандида, баъд он аскарону афсарони бечораро аз доми ҷоду озод мекард ва ба хона медаромад…

(Идомааш дар шумораи №30-и ҳафтанеомаи “Оила)

                       Ишқи духтари маъюб

Як рӯз ҷавоне аз наздам гузаро шуд ва аз афташ маро ҷугӣ гумон карда, як яксомонаро наздам гузошту рафт. Бо як нигоҳ ошиқи зори он ҷавони зебо гашта, бо алам аз пушташ нигариста мондам. Аз он ки маро гадо фикр карда дар пешам пул партофта рафт, камтар ранҷида бошам ҳам, пули ӯро мисли гавҳараки чашмонам эҳтиёт мекардам ва ҳар шаб дар таги болиштам монда хоб мерафтам. Аз байн чанд вақт гузашту як рӯз боз ҳамон ҷавон пайдо шуд ва дар наздам яксомонаеро монда гузашта рафтанӣ шуд. Бо чашмони гирён ба рӯяш нигоҳ карда гуфтам:

-Ман гадо нестам. Як сомони додагита то ҳол нобут накардаам, ҳар шаб дар таги болиштам монда хоб меравам…

Ҷавон ҳайрон шуда, саволомез ба ман нигарист…

Мехоҳед донед, ки ишқи ин духтари маъюб бо ҷавони солим бо чӣ анҷом меёбад?

Пас, шумораи навбатии “Оила”-ро ҷуед, ёбед, хонед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *