Севинч Муъминова аз шавҳараш ҷудо шуд?

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Севинч Муъминова.
Ҷои таваллуд: Фарғона, Ӯзбекистон.
Соли тавалуд: 30-июни 1982.
Миллат: ӯзбек.
Касб: сароянда, актриса.
Вазъи оилавӣ: оиладор.

Овозаи гӯшхароши “сарояндаи машҳури ӯзбек Севинч Муъминова аз шавҳараш ҷудо шудааст” чанд рӯз боз вирди забони хурду калон буда, ҳар кас онро ба таври худаш шарҳ медиҳад. Яке мегӯяд, ки Севинчро барои хиёнат карданаш шавҳараш талоқ додааст, дигарӣ баръакс Шарофро гунаҳкор менамояд, ки думболи як зани дигарро гирифта, ҳамсар ва фарзандонашро пушти по задааст, саввумӣ бар он андеша аст, ки ин ҷуфти зебо аз пушти як гапи дурӯғ хонавайрон шудаанд. Баъзе ғайбатчиҳо ҳатто миш-миш мекунанд, ки барқасди шавҳари бевафояш Севинч аллакай ба яке аз ҷӯраҳои наздиктарини Шароф муносибатҳои ошиқона барқарор намудааст, то ки ӯро сӯзонад.

Мо ин овозаю ҳангомаҳоро пайгирӣ намуда, ба сомонаҳои интернетӣ ворид гаштем, то ки рост ё дурӯғ будани ин хабарро аниқ намоем ва бисёр маълумотҳои аҷиб пайдо намудем. Мутаваҷҷеҳ бошед!

                         Сағерадухтар

Севинч Муъминова 30-юми июни соли 1982 дар Вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Модараш рус ва падараш озорбойҷонӣ аст. Модари хушбахт дар соли саг ба дунё овардани ин духтарчаи зебои фатиламӯйро фоли нек медонист, вале умр ба ӯ вафо накард, ки орзую ҳавасҳояшро бубинад. Севинч нав сесола шуда буд, ки модараш ба дарди бедавое гирифтор шуда, ин оламро тарк гуфт.

                      Қурбонӣ ба хотири фарзанд

Падари меҳрубонаш ба хотири Севинч дубора оиладор нашуд, то ки духтарак пеш-пеши пои моиндар хору зор нашавад. Падараш ҳар саҳар ӯро ба боғчаи бачагона мебурд ва аз пешониаш бӯсида ба кор мерафт. Бегоҳ бо дидани падараш Севинчи хурдакак болу пар кушода, мисли кабӯтараки сафед худро ба оғӯши ӯ меандохт. Сари духтараки азизашро сила карда, дар чашмони падар донаҳои калон-калони ашк ҳалқа мезаданд, зеро дар симои Севинч ҳамсари раҳматиашро медид. Бе зан зистан бисёр душвор бошад ҳам, хотири духтараш ӯ ба ҳамааш тоқат карда аз Худованд танҳо хушбахтии Севинчи азизашро мехост…

                       Парвози мурғи шуҳрат

Севинч соли 2002 дар як барномаи телевизионӣ бо садои зинда суруд хонда, мавриди таваҷҷӯҳи мардум қарор гирифт. Пас аз ин барнома меҳри суруду мусиқӣ дар дили ӯ амиқ маъво гирифт ва Севинч қарор дод, ки ҳаёташро ба санъат мебахшад. Дар як муддати кӯтоҳ чанд таронаи дилнишинро пешкаши ошиқони савту наво сохта, ин духтари амсоли фаришта зебо ба маликаи орзуҳои ҳазорон-ҳазор одамон табдил ёфт. Муҳаббати гарму ҷӯшони мухлисонро ба ин сарояндаи ҷавон дида, коргардонҳо Севинчро ба филмҳояшон даъват мекардагӣ шуданд. Сароғоз Севинч дар “Дилхарош” ва “Рақси мард” ҳунари актёрии худро санҷида бошад ҳам, шуҳрати ҳақиқиро ҳамчун актриса баъди филмҳои пурмоҷарои “Сарвиноз” ва “Хушбахтӣ бар ивази миллион” ба даст овард. Ин духтараки паричеҳра аз мактаби актёрӣ нагузашта бошад ҳам, дар ин филмҳо чунон самимона нақш мебозид, ки беихтиёр оби дидаи тамошобинон ҷорӣ мегашт. Туфайли ҳамин самимият дар офаридани нақш Севинч дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, ба гули сари сабади синамои узбек табдил ёфт…

                         Ситораи дурахшон

Севинч Муъминоваро на танҳо дар ватани худаш, балки дар дигар кишварҳо низ мардум хуб мешиносанд ва дӯст медоранд. Ин парии сар то по ҳунар дар аксари мамолики дунё мухлисони бешумори худро дорад. Вай аз ин давлат ба он давлат гашта, барои ҳаводоронаш барномаҳои рангини консертӣ медиҳад. Мухлисони Севинч Муъминова дар Тоҷикистони мо низ кам нестанд. Дар консерти дар кишвари мо баргузор намудаи ин сарояндаи узбек толор чунон серодам буд, ки сӯзанро партоӣ, ба замин намерасид. Ошиқони садои дилнишинаш Севинчро дар тамоми олам тоҷи сар мекунанд…

 Вақте ки гул бо гул мепайвандад

Аксари бонувони ҳунарманд ба хотири шуҳратёр гаштану зиндагии шоҳона ба сар бурдан зани дуюми одамони сарватманд мешаванд ё барои пулу моли дунёӣ шуда ба мардҳои аз худашон чандин сол калон ба шавҳар мебароянд. Ба Севинчи фариштахисол низ чандин миллионерҳо ошиқи зор шуда, тайёр буданд тамоми дороияшонро ба пеши пойи ин булбулаки хушхон бирезанд, аммо барои Севинч обрӯ ва бахт дар ҷойи аввал меистод. Вай аз кӯдакӣ ҳамчун инсони асил тарбият ёфта, муҳаббати поку самимиро аз ҳама ганҷу сарвати олам авло медонист. Ин нозанини покдилу покниҳод тамоми бриллианту зару зевари мардони айшпарасти сарватмандро пушти по зада, ба ҷавоне ба шавҳар баромад, ки мисли худаш ошиқи суруду мусиқӣ аст.

Тӯйи арӯсию домодии Севинч ва Шароф яке аз зеботарин маҳфилҳои арӯсӣ дар байни элитаи узбек ба шумор меравад. Ин ҷуфти зебо соли 2010 издивоҷ карда, кайҳо соҳиби фарзанд гаштаанд, аммо таърифи ин базми зебои ошиқона то ҳол вирди забони мардум буд. Дар сар то сари Ӯзбекистон хурду калон Севинч ва Шарофро зеботарин ҷуфти эстрадаи узбек шумурда, ба зиндагии ширини ин оилаи фарҳангӣ бо чашми ҳавас менигаристанд, аммо…

Шароф Севинчро талоқ дод?

Овозаи аз шавҳараш ҷудо шудани Севинч Муъминова на танҳо дар Тоҷикистони мо, балки дар ватани ин ду ситораи дурахшон- Ӯзбекистон низ доман паҳн карда, вирди забони мардум гаштааст. Севинч ин овозаҳоро дар суҳбат бо журналистони узбек рад намуда, гуфтааст, ки бо Шароф зиндагии ширин дорад ва шавҳараш студияи шахсии худро дошта дар корҳои эҷодиаш ҳамеша ба ӯ кӯмак мекунад.

“Вақте дар газетаю журналҳо “Севинчро Шароф бо марди дигар дошта, талоқ додааст, Севинч мурд, Севинч Муъминоваро дуздиданд” барин мақолаҳоро мехонам, баъзан аз ғазаб хун ба сарам мезанад. Чаро мардуми мо ба бадхоҳонам бовар мекунанду ба ман не, охир касе сиру савдои оилаи маро беҳтар аз худи ман намедонад” мегӯяд  ин ситораи эстрадаи узбек дар мусоҳибаҳояш бо хабарнигорон, вале ҳангоматалабон ба ҳарфҳои ӯ бовар накарда, то ҳол пойи Севинч Муъминоваро хоида истодаанд. Севинч аз рад кардани ин овозаҳои бардурӯғ хаста шудааст ва дигар дар ин бора чизе гуфтан намехоҳад. Вай бо шавҳари меҳрубонаш Шароф зиндагии пурнишотеро ба сар мебарад ва парво надорад, ки одамон дар борааш чиҳо мегӯянд…

Омодасоз: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *