Дар ҳар як хонадон- парчами далатӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчам, ки ҳамасола 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, дастур додааст.
Тавре аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, тибқи барномаи тасдиқкардаи Убайдуллоев чорабинии асосии идона 24-уми ноябр соати 10:00 дар Майдони Парчами давлатӣ баргузор мешавад.
Раиси Душанбе раисони навоҳиро муваззаф кардааст, ки ороиши идонаи биною муассисаҳоро новобаста аз шакли моликият таъмин карда, то 16-уми ноябр дар боғу хиёбонҳо ва биноҳои истиқоматӣ парчам насб кунанд. Инчунин супориш шудааст, ки нақлиёти мусофирбар бо парчам ороиш дода шуда, ба муносибати Рӯзи парчам мизҳои мудаввару мусобиқаҳои варзишӣ гузаронда шаванд.
Дастури насби парчам дар хонаҳои истиқоматӣ дар ҳолест, ки ахиран вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи рамзҳои давлатӣ иҷозат доданд, ки шаҳрвандон аз парчами миллӣ истифода намоянд.
Мавлуда Қаландарзода, вакили парлумон, ки имрӯз 12-уми октябр тағйироти мазкурро дар ҷаласа муаррифӣ намуд, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, минбаъд шаҳрвандон ҳуқуқи истифодаи парчами миллиро дар хонаҳояшон доранд. Вакилон маконҳоеро, ки дар он барои истифодаи парчами миллӣ иҷозат аст, бештар намудаанд. Ба гуфтаи Қаландарзода шаҳрвандон метавонанд бо ҳисси ифтихор парчамро дар хонаю корхонаҳои худ насб кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ