Нархи маҳсулоти ғайри хӯрока арзон мешавад!

 Сатҳи таваррум нисбат ба моҳҳои июл ва августи соли равон раванди муътадили поёнравӣ дошта, 0,4 фоизро ташкил дод. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Таварруми солона дар доираи дурнамои пешбинишуда тамоюли тағйирёбиро нишон дод ва чун моҳи қаблӣ (август) дар сатҳи 6,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Таъсири омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ, бахусус хизматрасониҳои пулакӣ ва коҳиш ёфтани пешниҳоди бархе аз маҳсулоти хӯроквории дар дохили кишвар истеҳсолшаванда, инчунин болоравии нархи воридотии маводи сӯзишворӣ боиси нисбатан боло рафтани сатҳи таварруми солона нисбат ба интиҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ гардид.

Бо арзёбии солона (дар 12 моҳи охир) ба сатҳи таваррум болоравии нарху тарифаҳои хизматрасонӣ ба андозаи 7,0 фоиз (нақлиёти мусофирбар 9,9 фоиз, маишӣ 8,1 фоиз, манзилию коммуналӣ 5,7 фоиз) таъсир расонид. Нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ дар як соли охир 8,0 фоиз (гази моеъ 28,1 фоиз, либос ва пойафзол 16,9 фоиз, доруворӣ 15,0 фоиз) ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,4 фоиз афзуд, ки бо хусусияти мавсимӣ (меваҷот 30,9 фоиз) ва афзудани нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти алоҳидаи истеъмолӣ (шакар 21,7 фоиз, равған 11,9 фоиз) маънидод карда мешавад. Қобили зикр аст, ки маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ дар се моҳи охир тамоили тадриҷан пастшавӣ дошт, ки аз мутобиқшавии нархҳои дохилӣ ба тағйирёбиҳои қурбии дар аввали сол ба вуқӯъ омада гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, нархи он аз 10,0 фоизи солона дар моҳи май то 8,0 фоизи солона дар моҳи сентябр паст фаромада, тибқи баҳодиҳӣ раванди мазкур дар моҳҳои боқимондаи сол низ давом меёбад.
Бо вуҷуди ин, сатҳи муътадили талаботи дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ ба авҷ наёфтани интизориҳои таваррумӣ мусоидат менамояд. Интизор меравад, ки дар моҳҳои октябр-декабри соли равон бо назардошти болоравии нақшавии нархҳои хизматрасонии обтаъминкунӣ ва неруи барқ, меъёри таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда ба қадри 7,0 фоизи солона ҷамъбаст мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *