Дар Ашт ба обхезиҳои эҳтимолӣ омодагӣ мебинанд
Дар байни аҳолии маҳаллаҳои ба номи Р. Юлдошев ва Хонақои ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд кормандони Раёсати КҲФ тамриноти мудофиаи гражданӣ ва чорабиниҳои тарбиявии ғайринақшавӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ин нуқтаҳои аҳолинишин дар қаламрави селроҳаи “Аштсой” ҷойгир шудаанд.
Дар рафти тамрин ба иштирокчиён қоидаҳои асосии рафтор дар ҳолати фавқулодда, тартиби эвакуатсияи аҳолӣ ба ҷойҳои амн аз минтақаҳои хатарнок фаҳмонида шудааст.
Дар мавсими обхезӣ аз ҳисоби сокинони ин маҳаллаҳо барои ташкил ва гузаронидани навбатдории шабонарӯзӣ ва посбонии минтақаҳои хатарнок аз офатҳои табиӣ гуруҳҳо ташкил карда шудаанд.
Дар тамрини мазкур раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, роҳбарони хадамоти мудофиаи гражданӣ, сохтору ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия, инчунин фаъолон ва раисони ҷамоати Ашти Боло ва Ашти Поён иштирок намудаанд.
Ҳамзамон, дар рафти тамрин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз техникаи муҳандисии Муассисаи давлатии роҳ, Идораи мелиоратсия ва обёрӣ, шабакаҳои барқии минтақавӣ ва маҳаллӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинон зиёда аз 200 метр канал аз регу шағал тоза карда шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки дар масофаи 120 метр корҳои соҳилбандӣ ва бетонрезӣ ҷиҳати пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ