Абдухолиқ Амирзода: Беҳтар шудани ҳолати ғизо нақши муҳим бозид

Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба амалисозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардидааст, баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои кишвар, шарикони рушд, масъулини соҳа иштирок намудаанд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз доштааст, ки солҳои охир дар баробари муваффақияту комёбиҳои соҳаи тиб ба муқобили бемориҳои сироятӣ, дар тақвияти сатҳи солимии аҳолӣ беҳтар шудани ҳолати ғизо низ нақши муҳим бозидааст.

Зикр гардидааст, ки таъмини амнияти озуқаворӣ, ташкили ғизои дуруст ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин самт аз тарафи Ҳукумати мамлакат қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ аз муҳимият ва таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор доштани масъалаҳои ғизо гувоҳӣ медиҳанд.

— Бояд қайд намуд, ки новобаста аз қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти батанзимдарории ташкили ғизо ва истифодабарии он, ҳоло ҳам нишондодҳои баъзе аз бемориҳои ба ғизо алоқаманд, аз қабили камхунӣ дар байни занони қобили таваллуд, қадпастӣ дар байни кўдакон ва наврасон, ҷоғари эндемикӣ, норасоии вазни бадан дар байни кўдакон, ҳолати вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, диабети қанд, саратон ва ғайра ташвишовар мебошад. Мутахассисон барои бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт ғанигардонии маҳсулоти хўроквориро тавсия медиҳанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *