Дар Баҳри тоҷик як донишҷӯ ғарқ шудааст
Дар Баҳри тоҷик донишҷӯи 19-солаи тоҷик ҳангоми оббозӣ дар ин баҳр ғарқшуда, ба ҳалокат расидааст.
Баҳи тоҷик дар шимоли Тоҷикистон ҷойгир аст ва қаблан бо номи Қайроқум машҳур буд.
Гуфта мешавад, ин донишҷӯ дар яке аз макотиби олии шаҳри Хуҷанд таҳсил мекардааст;«Ин фалокат рӯзи 6 июл рух додааст. Донишҷӯ ҳинни оббозӣ дар Баҳри Тоҷик ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад», навиштаанд, баъзе расонаҳо
Ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд дар ҳафтаи ҷорӣ як оила, ҷамъ 3 нафар- марди 35-сола, хоҳаронаш ҷавондухтарони 22 ва 18-сола дар дарёи Сир ғарқ шудаанд. Дар фасли тобистон дар Тоҷикистон дар натиҷаи беэҳтиётӣ ҳодисаҳои ғарқшавӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ