Кароматуллоҳи Аҳмад: «Абдураззоқ гуфт: ҷасади Ҷаббор Расуловро шуста будам…»

Кароматуллоҳи Аҳмад, хабарнигор ва журналисти собиқадор бо чопи матлабе иддао мекунад, ки соли 1996 бо мурдашӯи Ҷаббор Расулов рӯ ба рӯ шуда, аз ӯ шунидааст, ки Ҷаббор Расуловро на фақат бо расми мусулмонӣ шустаанд,балки пинҳонӣ ҷаноза ҳам кардаанд.

Дар ин матлаб, ки бо номи “Ман ҷасади Ҷаббор Расуловро шуста будам” нашр шудааст,  чунин лаҳза ёд мешавад:“Рӯзи якшанбе барои адои намози пешин ба масҷиди панҷвақтаи маҳалла рафтам. Пеш аз нияти намоз як мӯйсафед ба ҳампаҳлӯи марди дигар гуфт: “Ман ҷасади Ҷаббор Расуловро шуста будам”.

Ӯ дар идома ин малаб менависад, ки баъди намоз аз он мард ҷузъиёти ин воқеаро пурсон мешавад ва он мард иқрор мешавад, ки ҷасади Ҷаббор Расуловро шуста, ҷаноза ҳам кардаанд: “Соли 1977 вақте Ҷаббор Расулов фавтид, як нафар шахси обрӯманди ҳамон замон ба Бурҳон ном шахс, ки депутати Шӯрои Олӣ ҳам буд, занг зада мегӯяд, ки ягон нафар мурдашӯйро ҳамроҳат биёред. Ман- Абдураззоқ, ки мудири фермаи чорводорӣ будаму мурдашӯӣ ҳам мекардам, ҳамроҳи Бурҳон ба Душанбе омадам. Баъди чанде пайвандонаш моро ба хонаи алоҳида даъват карданд. Ҷасади Ҷаббор Расулов он ҷо буд.”

Кароматулло Аҳмад ба нақл аз гуфтаҳои он мурдашӯй менависад, ки ҳангоми шуштани ҷасади Ҷаббор Расулов кормандони КГБ вориди утоқ мешаванд ва аз мурдашӯй хоҳиш мекунанд, ки барои ба ҳисобгирии дороиҳои Ҷаббор Расулов шоҳидӣ диҳанд. Ҳамин тариқ, менависад, ӯ “Кгб-чиҳо тамоми дороиҳои Ҷаббор Расуловро рӯйнавис карданд ва дар миёни онҳо 26 сӯми советӣ дида мешуд. Мо дар он санади тартибдодаи КГБ имзо мондем”.

Ҳангоми ба ҳисобгирии дороиҳои Ҷаббор Расулов аз ҷайби ӯ 26 сӯми советӣ пайдо мешавад ва ин ягона дороиҳои ӯ будааст, менависад муаллифӣ мақола.

Ҷаббор Расулов яке аз ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон буд, ки чандин солҳо Тоҷкистони Шӯравиро раҳбарӣ кардааст. Ӯро барои сохтани иншоотҳои азим ва муҳим дар Тоҷикистон васф мекунанд ва ҳамеша ба некӣ ёд мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *