Дар Бадахшон табибон басандаанд? Посухи Ҷамолиддин Абдуллозода (аудио)

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки дар ВМКБ норасоии кадр дар соҳаи тандурустӣ нест.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳоло беш аз 800 нафар аз ин вилоят дар коллеҷу муассисаҳои олии тиббии кишвар таҳсил доранд, оянда масъалаи таъмини онҳо бо ҷойи кор ба миён омадааст.

“Ҳамагӣ як нафар табиб аз вилояти Бадахшон ба муҳоҷират рафтааст. Хушбахтона, ҳоло дар ин ҷо норасоии кадри тиббӣ нест”,-изҳор дошт вазир.

Аммо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон нарасидани табибон ва ба хориҷ рафтани онҳо ба мушоҳида мерасад. Бино ба иттилои масъулини вазорати тандурустӣ, давоми якуним соли охир 674 табиб аз Тоҷикистон ба хориҷ рафтаанд. Сабаби рафтани табибон барномаҳои ҷалби кормандони ин соҳа аз ҷониби дигар давлатҳо арзёбӣ гардид. Дар ин росто, вазир иброз дошт, ки ҳамасола теъдоди зиёди донишҷӯён Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дигар коллеҷу муассисаҳоро хатм мекунанд, ки бо ҷойи кор таъмин мешаванд.     

Ҷамолиддин Абдуллозода дар мавриди сурхакони маймун, ки дар Тоҷикистон сабт шудааст ё не, гуфт, барои пешгирӣ аз вуруди ин беморӣ  назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр шудааст. Аз ҷумла, шахсоне, ки аз кишварҳои мубтало ба сурхакони маймун ба Тоҷикистон меоянд, ҳарораташон санҷида мешавад. Инчунин,  ғайр аз санҷидани ҳарорат дар ҳолати зарурӣ онҳо тестҳо мегузаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *