Рустам Ғаниев: Филиали ДДМ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкории хуб дорад

Рустам Ғаниев, директори филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар Душанбе имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО фаъолити филиалро хуб арзёбӣ намуд.

Ӯ иброз дошт, ки “филиал бо 7 донишгоҳи Федератсияи Россия, Белорус ва Ӯзбекистон 42 адад шартнома бастааст”.

Имсол филиалро 95 нафар хатм кардаанд, ки 4 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло шудаанд. Ҳамзамон, филиал ягона филиале аз 6 филиали донишгоҳ аст, ки маҷаллаи он ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.

“Аз шумораи 27 нафар ҳайати профессорону омӯзгорони филиал 20 нафар, яъне 74% соҳиби дараҷаи илмӣ мебошанд. Дар раёсат низ 4 доктори илм ва 9 номзади илм фаъолияти илмиро амалӣ месозанд”,- иброз дошт Рустам Ғаниев.

Қайд бояд кард, ки филиал 451 донишҷӯ дошта, 34 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 24 нафар шаҳрванди Русия, 5 нафар аз Ӯзбекистон, 2 нафар аз Қазоқистон ва 3 нафар аз Чин ташкил медиҳанд.

Нақшаи қабули филиал 180 ҷой буда, аллакай 135 нафар тибқи тақсимоти ММТ ба филиал роҳхат гирифтаанд, ки ин 89%-и нақшаи қабулро ташкил медиҳад.

Филиал хобгоҳ надошта, тибқи шартнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёне, ки хобгоҳ дархост мекунанд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *