Ибтикороти филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе

Ҳайати профессорону омӯзгорон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба 27 нафар расидааст. 74% аз ҳайати профессорон ва омӯзгорони филиал соҳиби дараҷаи илмӣ мебошанд.

Дар ин бора директори филиали мазкур Рустам Ғаниев ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Таъкид шуд, ки бо ибтикори роҳбарияти филиал тайи соли сипаришуда тамоми самтҳои фаъолият рушд намуда, дар соли ҷорӣ ибтикороти тозае рӯйи даст гирифта шудаанд.

Зимнан, гуфта шуд, ки дар самти равобити байналмилалӣ донишгоҳ дар ҳоли рушд қарор дошта, давоми соли 2021-ум 15 шартномаи нави ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-таълимӣ ва ташкилотҳои тиҷоратии дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла Ӯзбекистон, Шветсария ва Русия ба имзо расидааст.

«Дар доираи ибтикороти роҳбарияти филиал даъвати омӯзгорон ба донишгоҳ ва гузаштани дарсҳои кушод ба роҳ монда шуд, ки дар самти табодули устодон ва такмили дониши донишҷӯён мусоидат намуд»,- гуфт директор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *