Иштироки паҳлавонони тоҷик дар Tel Aviv Grand Slam-2022

Аз 17 то 19-уми феврал дар кишвари Исроил мусобиқаи байналмилалии ҷудо Tel Aviv Grand Slam-2022 баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Дар Tel Aviv Grand Slam-2022 ширкати 308 варзишгар аз 34 кишвари дунё дар назар аст, ки 170 марду 138 зан ҳастанд. Мусобиқаҳо миёни мардон дар вазнҳои -60, — 66, -73, -81, -90, -100 ва +100 кг, миёни занҳо дар вазнҳои -48, -52, -57, -63, -70, -78 ва +78 кг баргузор мешванд.

Ҳазинаи ҷоизаҳои мусобиқа 154 миллион евро аст, ки барои ҷойи якум 5000 евро (аз ин 1000 евро барои мураббӣ), ҷойи дуюм 3000 (600 барои мураббӣ) ва ҷойи сеюм 1500 евро (300 барои мураббӣ) ҷудо шудааст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 нафар дар байни мардон намояндагӣ мекунанд. Инҳо Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 кг, Шодмон Ризоев дар вазни -81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *