Дар Балх сардори қабила ва афсарро куштанд

Мақомоти амниятии Балхи Афғонистон мегӯянд, ки дар пайи ду ҳодисаи ҷудогона дар шаҳри Мазори Шариф, маркази ин вилоят, як афсари полис ва як пешвои қавмӣ кушта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии «1tvnews.af».
Одилшоҳ Одил, сухангӯи полиси Балх, рӯзи душанбе, 04.01.2021 ба «1tvnews.af» гуфт, ки Муҳаммад Ҳошим, як маъмури пулиси Бадахшон, ки дар Мазори Шариф дар рухсатӣ буд, шаби гузашта дар ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум кушта шудааст.
Вай афзуд, ки ҳодиса дар минтақаи «Лоиҳаи Холид бин Валид»-и Мазори Шариф рух додааст.
Ҷаноби Одил инчунин илова намуд, ки дар як ҳодисаи дигар як пири қабила аз ҷониби афроди ношинос дар шаҳри Мазори Шариф кушта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса шаби гузашта ҳангоми адои намози хуфтан дар масҷиди ҳавзаи чоруми амниятии Мазори Шариф рух додааст.
Сухангӯи полиси Балх қайд кард, ки ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд, аммо тафтишот барои таҳқиқи ин парвандаҳо шурӯъ шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *