Дар биноҳои навбунёд барқ қатъ карда мешавад!
Ҳукумати Душанбе интиқоли барқ ба биноҳои навбунёдро то қабули давлатии онҳо манъ кард.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе 26-уми декабр зимни ҷаласаи ҳукумати пойтахт дастур додааст, ки бе мавҷудияти санади Комиссияи давлатии қабули иншоот барои истифодабарӣ ва шартномаҳои тарафайн интиқоли қувваи барқ дар биноҳои ҷадиди сохтмонашон анҷомёфта қатъ карда шавад.
Шаҳрдории Душанбе далели ин дастурро сарфаи нерӯи барқ дар давраи зимистон арзёбӣ кардааст. Қаблан интиқоли барқ ба нонвойхона ва ҳаммомҳои барқӣ мамнуъ эълон шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон мушкили камбуди барқ ва об дар пайи зиёд шудани биноҳои навбунёд сар задааст, зеро инфрасохтори асосии барқу оби Душанбе замони шӯравӣ бунёд шуда, барои чунин сарбории рӯзафзун пешбинӣ нагардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ