Гуфтушуниди Сурия дар Остона баргузор мешавад

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки кишвараш омодааст гуфтушуниди байни Русия, Эрон ва Туркия, дар заминаи ҳалли низои Сурияро мизбонӣ кунад.

«Қазоқистон омодааст ҳамаи ҷонибҳоро дар ин гуфтушунид дар Осона бипазирад»- гуфт Назарбоев рӯзи 26 декабр дар ҷараёни боздидаш аз Санкт Петербург, ки ӯ дар онҷо бо Владимир Путин мулоқот кард.

Биноба гузориши хабаргузории расмии «Казинформ» Назарбоев бо раисони ҷумҳури Эрону Туркия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод ва ризоияти онҳоро ба даст овард.

Путин рӯзи 23 декабр гуфт, ки Русия, Эрон, Туркия ва президенти Сурия Башор Асад рози шуданд, ки Қазоқистони бетараф макони музокироти сулҳи Сурия бошад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Русия, кишваҳои хатти аввали ҷанг самарабахш будани фаъолияти худро дар ташкили оташбас, хуруҷи шӯришгарон ва мардуми мулкӣ аз Ҳалаб, ҳафтаи гузашта собит карданд ва ҳоло барои фаротар кардани домани оташбас дар тамоми кишвар ва оғози музокироти густардаи сулҳ омода шудаанд.

Русия, Эрон ва Туркия қаблан эълон карданд, ки онҳо метавонанд барои созиши сулҳ дар байни режими Сурия, ки бо Русия ва Эрон шарик аст ва шӯришгарони мусаллаҳ, ки Туркия аз онҳо пуштибонӣ мекунад, кафил шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *