Дар Бохтар арчаи солинавӣ насб мекунанд

Масъулин дар шаҳри Бохтар ба оростани арчаи солинавӣ шуруъ карданд. Арчаи солинавӣ дар назди Теппаи – Қӯрғон маркази шаҳри Бохтар насб хоҳад шуд. Барои ороиши арчаи солинавӣ каму беш 150 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд.

Аз шаҳрдории Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки солҳои қаблӣ арчаи солинавӣ дар назди Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии шаҳр ба номи Ато Муҳамммадҷонов насб мегардид. Имсол бошад онро ба ҷойи серодам ва назди иншооти теърихии шаҳри Бохтар, Теппа – Қӯрғон бурданд.

Ба иттилои расида баландии арча 20 метр буда, 8 метр паҳноӣ дорад, ки ҳам баландӣ ва ҳам паҳноӣ аз соли гузашта фарқ доранд. Барои ороиши арчаи солинавӣ каму беш 150 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд. Атрофи арчаи солинавӣ, ки ҷойи асосии сайругашти сокинону меҳмонон ва бозии кӯдакон аст бо хоначаҳои афсонавӣ ва дигар лавозимоти ороишӣ зиннат дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *