Дар Бохтар “бо як тир ду фохта” зада натавонистанд?
Ҳанӯз чанд сол пеш бо як қарори раиси шаҳри Бохтар 0,02 га замини муассисаи таълимии рақами 14 ба хотири сохтмони утоқи кории раиси кумитаи маҳаллаи Ғайрат ҷудо шуда буд. Вале дар ин замин соҳибкоре бинои дуошёна бунёд кард.
Як манбаъ аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки замини муассисаи таълимӣ дар дораи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар давраи Абдуалим Исмоилзода, раиси собиқи шаҳр ҷудо шуда буд. Вале дар замони фаъолияти Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар ба он қарор эътирози прокурӣ оварда шудаву қарор бекар гардид.
— Ба соҳибкоре, ки дар ин макон иншоот бунёд карда буд, ҳамчун ҷуброни зарар беш аз 350 ҳазор сомонӣ дода шудааст. Ҳоло бино дар ихтиёри муассисаи таълимии рақами 14 гузошта шудааст,- гуфт манбаи мо.
Бозорзода Шаҳрат, корманди Раёсати молияи шаҳри Бохтар ҷудо шудани 350 ҳазар сомониро аз буҷети маҳаллӣ тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, маблағ ҳанӯз аввали сол ҷудо шуда буд. “Дар ду марҳила бо қарори раиси шаҳри Бохтар дар маҷмуъ 350 ҳазору 896 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин маблағ аз фонди озоди раиси шаҳр ихтисос дода шуд”,- афзуд ӯ.
Бояд гуфт, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 аз ҷудо шудани булаҷаби замин аз ҳудуди муассисаи таълимии рақами 14-шаҳри Бохтар мавод нашр шуда буд. Он замон аксари масъулин ҷудо шудани замин аз ҳудуди муассисаи таълимӣ ва сохтмони биноро дурусту қонунӣ гуфта буданд. Вале бо гузашти ду сол қарори раиси шаҳр бекор карда шуда, бинои сохташударо ба салоҳияти муассисаи таълимӣ вогузор намудаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ